Сентябр 25, 2019 16:25 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи кулли сипоҳ: Баёнияи дурӯғини аврупоиҳо иқдоме эҳсосӣ буд

Фармондеҳи кулли сипоҳ иқдоми кишварҳои аврупоӣ дар судури баёнияе дурӯғин алайҳи Эронро эҳсосӣ баршумурд ва гуфт, онҳо мехоҳанд бо истифода аз фазои ин рӯзҳои Созмони Милал, ҷанги равониро бар алайҳи мо роҳ бияндозанд.

Сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ойини рӯнамоӣ аз 90 асари аснодӣ ва пажӯҳишии дифои муқаддас, ки зуҳри имрӯз (чаҳоршанбе) дар Боғи музеи дифои муқаддас баргузор шуд, бо таслияти айёми шаҳодати имом Саҷҷод “Зайнулобидин” (а), изҳор дошт, дар ҷамъи мардоне ҳастем, ки иззати имрӯзину каромати ин миллат ва истиқлолу амнияти пойдори он мадюни набарди ошӯроии онҳо аст. Ин мардон рӯзе торихро сохтанду имрӯз онро менигоранд.

Ба гузориши “Форс”, вай афзуд, идроке ки имрӯз аз Эрон ба унвони манбаи шукӯҳу намоди истодагӣ дар муқобили орои ба ҳам пайвастаи қудратҳои ҷаҳонӣ мешиносанд, мадюни шаҳидону хонаводаи онҳо ва фармондеҳони бузурге аст, ки торихитарин қитъаи торихи Эронро нигоштанд.

Сарлашкар Саломӣ идома дод: дифои мо имрӯз бо ҳамон сифати муқаддас будан, чиҳилсола шуду ҳашт сол танҳо бахше аз дифои чиҳилсолаи мо аст. Имрӯз эътибори қудрати мо дар зеҳни ситамкорон ба унвони як ҳақиқат зуҳур пайдо кардааст.

Фармондеҳи кулли сипоҳ бо таъкид бар ин ки ин муваффақият ба баракати муҳибати илоҳӣ ба номи валии фақеҳу раҳбарӣ аст, ки ҳидоятгари ин ҳамосаҳои ҷовдони торихи Эрону Ислом будааст, гуфт, чиҳил сол аст дар ҳоли ҷанг ҳастем. Мо имрӯз як қудрати ғайриқобили тасаввур барои душманон ҳастем, зеро он чӣ аз мо медонанд, танҳо бахши кӯчаке аз он аст.

Вай гуфт, ин қудрат инбисот ёфтааст ва сохторҳои қудраташ ончунон азим шуда, ки душман наметавонад дар муҳосиботи худ онро нодида бигирад.

Сарлашкар Саломӣ бо баёни ин ки ин қудрат ба гунае аст, ки вақте гурӯҳе мисли Ансоруллоҳ амал мекунад, душман онро аз ҷониби мо медонад, гуфт, Ансоруллоҳ як саршохаи ҷаҳишёфтае аз инқилоб аст. Онҳо имрӯз манбаи анбошта аз қудрат ҳастанд, ки агар озод шавад, тамоми майдони ҷангро тағйир медиҳад ва ин воқеиятро душман медонад.

Фармондеҳи кулли сипоҳ бо таъкид бар ин ки ба марзи натарсидан аз душман расидаем, гуфт, мо вақте мезанем, шуҷоона онро мегӯем”.

 

Барчасп