Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Роҳпаймоии миллионии Арбаини ҳусайнӣ (а) пуршӯртар баргузор хоҳад шуд
(last modified 2019-10-04T11:28:37+00:00 )
Октябр 04, 2019 16:28 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Роҳпаймоии миллионии Арбаини ҳусайнӣ (а) пуршӯртар баргузор хоҳад шуд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба нооромиҳои Ироқ ва нақши душманон дар густариши он гуфт, душманон талош мекунанд, ки барои роҳпаймоии миллионии Арбаини ҳусайнӣ (а) музоҳимат эҷод кунанд, аммо ин роҳпаймоӣ пуршӯртар аз солҳои гузашта баргузор хоҳад шуд.

Бархе аз устонҳои Ироқ, аз ҷумла Бағдод дар рӯзҳои ахир шоҳиди баргузории тазоҳурот дар эътироз ба вазъияти номуносиби хадамоти умумӣ, набуди фурсатҳои шуғлӣ ва фасоди идорӣ аст. Шавоҳид нишон медиҳад, ки ин тазоҳурот худҷӯш набуда ва бегонагон дар шаклгирии он нақш доштаанд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон, бо баёни ин ки парчами имом Ҳусайн (а) - парчами мубориза бо зулм аст, афзуд, Амрико ва режими саҳюнистӣ бо эҷоди тавтеа ба дунболи махфисозии ҳақиқат ҳастанд.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ ҳамчунин бо ишора ба пирӯзиҳои мардуми мазлуми Яман дар баробари мутаҷовизон изҳор дошт, пирӯзиҳои мардуми Яман обрӯи режими оли Сауд ва ҳомиёнашонро бурдааст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар бораи фишорҳои Амрико ба мардуми Эрон низ гуфт, бо истиқомати мардуми Эрон фишори ҳаддиаксарии душманон ба зиллати ҳаддиаксарии онон табдил шудааст.

Барчасп