Ҷавони рус дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ мусалмон шуд
Ҷавони аҳли кишвари Русия, ки барои нахустин бор ба Ҳараи мутаҳҳари Имом Ризо (а) мушарраф шуда буд, бо ҳузур дар дафтари мудирияти умури зоирони ғариэронии Остони Қудси Разавӣ мусалмон шуд.
Ба нақл аз Ирна, ин ҷавони русӣ бо номи Ҷейсон асри панҷшанбе дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ҳузур ёфт ва бо зикри шаҳодатайн мусалмон шуд.
Ӯ ангезаи худро аз гароиш ба ислом, мутолиа ва гуфтугӯ бо мусалмонон зикр кард.
Ҷейсон гуфт: Дар мутолиот ва гуфтугӯҳое, ки чандин моҳ дар бораи ислом ва мусалмонон анҷом додам, бароям равшан шуд масоиле, ки дар ислом матраҳ мешавад, наздик ба фитрат аст ва ҷавоби бисёре аз пурсишҳои худро дар ислом ёфтам.
Мудирияти умури ғайриэронии Остони Қудси Разавӣ ҳам ба ин ҷавони тозамусалмон як ҷилд Қуръони нафис ба забони русӣ ва теъдоде ақломи фарҳангӣ ҳадя кард.