Раҳбари муаззами Инқилоб; поёни дурусти ҷанги Яман таъсироти мусбате дар минтақа хоҳад дошт
(last modified 2019-10-14T05:00:07+00:00 )
Октябр 14, 2019 10:00 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами Инқилоб; поёни дурусти ҷанги Яман таъсироти мусбате дар минтақа хоҳад дошт

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ бо баёни ин,ки ҷумҳурии исломии Эрон аз муддатҳо қабл тарҳи чор моддае барои тавақуфи ҷанг дар Яман ироа кардааст, хотирнишон карданд; агар ин ҷанг ба наҳви дурусте поён ёбад, метавонад таъсироти мусбате дар минтақа дар пай дошта бошад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ асри ( якшанбе ) дар дидори Умронхон нахуствазири Покистон ва ҳайати ҳамроҳ, робитаҳои Эрон ва Покистонро бисёр амиқ ва мардумӣ донист ва бар лузуми истифода аз ин замина барои афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар таъкид карданд.

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ бо баршумурдани намунаҳое аз иртибототи амиқан наздик ва мардумии ду миллати Эрон ва Покистон, тасриҳ карданд ; нигоҳи ҷумҳурии исломи Эрон ба Покистон ба як бародар  дар ҳамсоягӣ аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ фармуданд; бо вуҷуди ин фурсти бебадил, робитаҳои ду кишвар бояд бисёр гармтар ва беҳтар аз вазъи мавҷуд бошад ва амнияти марзҳо иртиқо ёбад ва барномаҳои муъталмонда монанди хати лулаи газ такмил шавд.

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ бо таҳсини дағдағаи давлати Покистон дар хусуси истиқрори сулҳ ва амнияти , минтақаи ғарби Осиёро бисёр ҳасос ва хатарнок хонданд ва таъкид бар муроқибати ҳамагон аз бурузи ҳодиса, аз нақши  вайронкоронаи бархе кишварҳои минтақа дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ ва Сурия ва эҷоди ҷанг ва хунрезӣ дар Яман ибрози таасуф карданд.

Эшон афзуданд; мо ангезае барои душманӣ бо ин кишварҳо надорем аммо онҳо таҳти иродаи Амрико ҳастанд ва дар ҷиҳати хости Амрико алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон амал мекунанд.

Раҳбари Инқилоби исломӣ  бо таъкид бар ин,ки ҷумҳурии исломии Эрон оғозгари ҳеҷ ҷанге набуда аст, хотирнишон карданд; албатта агар касе шуруъ кунандаи ҷанг дар муқобили Эрон бошад, бетардид пушаймон хоҳад шуд.

Умронхон низ дар ин дидор Эрон ва Покистонро ду кишвари бародар хонд ва гуфт; ҳамкориҳои Теҳрон ва Исломобод бояд густариш ёбад ва мо барои робитаҳо руи Эрон ҳисоби вижа боз кардаем, чаро,ки Эронро як шарики муҳим бахусус дар ҳавзаи тиҷорӣ талақӣ мекунем.

Барчасп