Октябр 14, 2019 15:50 Asia/Dushanbe
  • Эрон реактори ҳастаии Арокро навсозӣ мекунад

Сафорати Англия дар Теҳрон аз сафари тими мутахасисони ҳастаии ин кишвар ба Эрон барои машварат дар бораи бозтароҳии реактори Арок хабар дод.

Ба нақл аз ИРНА; сафорати Англис дар Теҳрон дар баёнияе эълом кард; як тим аз мутахасисони ҳастаӣ ба сарпарастии РОбин Гримз мушовири аршади илмии давлати Англис имрӯз ( душанбе ) вориди Теҳрон шуд то ба ҳамроҳи як тим аз мутахасисони чиннӣ, марҳалаи баъдии мудернсозии реактори Арокро ба пеш бибаранд.

Ин баёния меафзояд; ин мутахасисон бо Созмони энержии атомии Эрон дар бораи ҳамкории фаннӣ байналмиллалӣ барои сохтани реактор гуфтугу хоҳанд кард.

Дар идомаи ин баёния омадааст; ин сафар дар чорччуби БАРҶОМ анҷом шудааст.

Сафари мушовири аршади илмии давлати Англис ба Теҳрон дар ҳоле сурат мегирад,ки Эрон ба далели бадаҳдии кишварҳои аврупоӣ дар анҷоми таъаҳудоти БАРҶОМИИ худ, таъаҳудоти худро дар се марҳала коҳиш додаст.

Боло бурдани дар сади ғанисозии  уранн аз 3. 67 дар сад, афзоиши захираи урани ғанишуда ва тавақуфи тамоми таъаҳудоташ дар ҳавзаи таҳқиқ ва тавсиъа дар БАРҶОМ аз ҷумла иқдомҳои Эрон дар коҳиши таъаҳудоти худ аст.

Барчасп