Раҳбари муаззами инқилоб: Поёни дурусти ҷанги Яман таъсироти мусбате дар минтақа хоҳад дошт
(last modified 2019-10-14T11:58:35+00:00 )
Октябр 14, 2019 16:58 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Поёни дурусти ҷанги Яман таъсироти мусбате дар минтақа хоҳад дошт

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муддатҳо қабл тарҳе чаҳормоддаӣ барои таваққуфи ҷанг дар Яман ироа кардааст, хотирнишон карданд, агар ин ҷанг ба наҳви дурусте поён ёбад, метавонад таъсироти мусбате дар минтақа ба дунбол дошта бошад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ асри якшанбе дар дидори Имрон Хон, нахуствазири Покистон ва ҳайати ҳамроҳ, равобити Эрон ва Покистонро бисёр амиқ ва мардумӣ донистанд ва бар лузуми истифода аз ин бистар барои афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар таъкид карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баршумурдани намунаҳое аз иртибототи амиқан наздик ва мардумии ду миллати Эрон ва Покистон гуфтанд: Нигоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Покистон нигоҳ ба як бародар дар ҳамсоягӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, бо вуҷуди ин фурсати бебадил, равобити ду кишвар бояд бисёр гармтар ва беҳтар аз вазъи мавҷуд бошад ва амнияти марзҳо иртиқо ёбад ва барномаҳои муъатталмондае монанди хатти лӯлаи газ такмил шавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таҳсини дағдағаи давлати Покистон дар хусуси истиқрори сулҳу амният, минтақаи ғарби Осиёро бисёр ҳассос ва бузург хонданд ва бо таъкид бар муроқибати ҳамагон аз бурузи ҳодиса, аз нақши мухарриби бархе кишварҳои минтақа дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқу Сурия ва эҷоди ҷангу хунрезӣ дар Яман ибрози таассуф карданд.

Эшон афзуданд: “Мо ангезае барои душманӣ бо ин кишварҳо надорем, аммо онҳо таҳти иродаи Амрико ҳастанд ва дар ҷиҳати хости Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон амал мекунанд”.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон оғозгари ҳеҷ ҷанге набудааст, хотирнишон карданд, албатта агар касе шуруъкунандаи ҷанг дар муқобили Эрон бошад, бидуни тардид пушаймон хоҳад шуд.

Имрон Хон низ дар ин дидор Эрон ва Покистонро ду кишвари бародар хонд ва гуфт: “Ҳамкориҳои Теҳрон ва Исломобод бояд густариш ёбад ва мо барои равобит рӯйи Эрон ҳисоби вижа боз кардаем, зеро Эронро як шарики муҳим, ба хусус дар ҳавзаи тиҷорӣ талаққӣ мекунем”.

 

Барчасп