Боздошти яке аз саршохаҳои расонаии душманони Эрон
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе аз дастгирии Руҳуллоҳ Зам, яке аз саршохаҳои расонаии душман ва саршабакаи сайте мананди “Омад нюс”, дар як амалиёти иттилоотии ҳушмандона хабар дод.
Равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, созмони иттилооти Сипоҳи посдорон тайи як амалиёти печида ва бо ҳарбаи фиреби иттилоотӣ, Руҳуллоҳ Зам, яке аз саршохаҳои расонаии душман ва ҷанги равонӣ алайҳи низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро дастгир кард.
Ин баёния меафзояд, созмони иттилооти сипоҳ дар ин амалиёт бо бакоргирии равишҳои навини иттилоотӣ ва равишҳои ибтикорӣ, сервисҳои бегонаро мудирият ва фиреб дод ва Руҳуллоҳ Замро, ки дар солҳои ахир бо ҳидоят, таъмин ва пуштибонии мустақими онон амалиёти равонии густурдае барои ихтилофафканӣ дар аркони низоми исломӣ, Эронҳаросӣ, дурӯғпардозӣ, илқои шубҳа дар насли ҷавон нисбат ба ақоид ва боварҳои динӣ ва таблиғу фароҳамсозии заминаҳои иқдомоти хушунатбор ва террористӣ, эҷоди ошӯб ва нооромӣ дар кишварро идора мекард, ба дохили кишвар ҳидоят ва боздошт кунад.
Дар идомаи баёнияи равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ омадааст: “Руҳуллоҳ Зам бо вуҷуди ин ки таҳти ҳидояти хадамоти иттилоотии Фаронса ва ҳимояту пуштибонии сервисҳои иттилоотии Амрико ва режими саҳюнистӣ ва муртабит бо дигар сервисҳои иттилоотӣ қарор дошт ва ба сурати шабонарӯзӣ дар пӯшишҳои гуногун ва чандлояӣ мавриди ҳифозат қарор мегирифт, дар доми нерӯҳои созмони иттилооти сипоҳ гирифтор шуд.
Равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ анҷоми ин амалиётро баёнгари шикаст ва ҷо мондани сервисҳои иттилоотии душман аз қудрати иттилоотии ин ниҳоди инқилобӣ унвон кард.