Гуфтугуи телефонии Зариф бо вазирони хориҷаи Русия, Ироқ ва Сурия
Муҳаммад Ҷавод Зариф, асри панҷшанбе дар тамосҳои телефонии ҷудогона бо вазирони умури хориҷаи Ироқ, Русия ва Сурия дар хусуси охирин таҳаввулоти минтақа ба вижа авзоъи шимоли Сурия гуфтугу ва табодули назар кард.
Ба гузориши ИРНА, дар гуфтугуи ҷудогонаи асри панҷшанбе вазири умури хориҷаи Эрон бо ҳамтоёни худ аз Русия, Ироқ ва Сурия,тарафайн лозимаи дастёбӣ ба суботи пойдор ва тулонимудати авзоъ дар Каронаи шарқӣ рӯди Фуротро эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия донистанд.
Дар ин гуфтугуҳо ҳамчунин бар эҷоди гуфтугу миёни Димишқ ва Анқара ва ҳамчунин байни мақомоти сурӣ ва намояндагони курдҳои Сурия таъкид шуд.
Бар асоси гузориши Вазорати умури хориҷаи Эрон, гуфтугуҳои Зариф бо мақомоти дигар кишварҳои минтақа барои тавақуфи доими ҳамлаҳои Туркия ба шимоли Сурия идома хоҳад ёфт.
Туркия ҳафтаи гузашта ҳамлаи худ ба шимоли Сурияро калид зад ва Эрдуғон гуфт,ки ҳадаф аз ин ҳамла нобудии Ҳизби Коргарони курдистони Туркия ( БКК ) ва ягонҳои мудофеъи халқ ( ЕБГ ) аст.
Ҳамлаи Туркия ба шимоли Сурия ба рағми мухолифатҳои густардаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ сурат гирифт.