Ғарибободӣ: гузориши Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ набояд бо ғаразҳои сиёсӣ бузургнамоӣ шавад
Намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена таъкид кард, мавзӯъҳои подмонӣ набояд бо ғаразҳои сиёсӣ бузургнамоӣ шавад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Кернел Ферота мудири кулли муваққафти Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ рӯзи душанбе гуфт, Эрон ба саволҳои ожонс дар бораи як макон посух диҳад.
Козим Ғарибободӣ афзуд, гузориши Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ нишон медиҳад, ки ожонс ҳамчунон дастрасии комиле дар Эрон дорад ва бо вуҷуди коҳиши тааҳудоти Эрон таҳти БАРҶОМ, ки бо ҳадафи барқарории тавозуни нисбӣ байни ҳуқуқ ва таколифи тарафайн анҷом мешавад ҳамчунон қодир ба ростиозмоӣ аст.
Ғарибободӣ ҳамчунин бо ишора ба изҳороти ахири мудири кулли муваққафти Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар мавриди маконе дар Эрон изҳор кард, аз замоне, ки ожонс Эронро мутталиъ сохт, ки бархе саволҳо дар мавриди як макони хос дорад, Эрон бо нишон додани ниҳояти ҳамкорӣ ва шаффофият дастрасии лозимро барои Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ фароҳам кард.