Баҳрамандии ҳамаи ниёзмандон аз бастаи ҳимояти маишатӣ
(last modified Thu, 28 Nov 2019 08:31:31 GMT )
Ноябр 28, 2019 13:31 Asia/Dushanbe
  • Баҳрамандии ҳамаи ниёзмандон аз бастаи ҳимояти маишатӣ

Ҳамаи ниёзмандон аз бастаи ҳимояти маишатӣ баҳраманд хоҳанд шуд.

Муовини аввали раисҷумҳури Эрон дар ҷараёни боздид аз пойгоҳи иттилоотии рифоҳи эрониён гуфт, ҳадафи аслӣ аз иҷрои тарҳи саҳмиябандии бензин ҳимоят аз ақшори ниёзманд пас аз шоки иқтисодии ношӣ аз таҳримҳои золимонаи Амрико ва низ тармими қудрати хариди мардум буд ва ҳамаи ниёзмандон аз бастаи ҳимояти маишатӣ баҳраманд хоҳанд шуд. Ба гузориши ИРНА, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ дар ҷараёни боздид аз пойгоҳи иттилоотии рифоҳи эрониён ва назорат бар иҷрои бастаи ҳимояти маишатӣ дар Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ афзуд, набояд касоне, ки аз бастаи ҳимоятӣ бархурдор шудаанд, нигаронии ҳазф аз феҳрасти дарёфткунандагонро дошта бошанд. Вай бо баёни ин ки ҳатман дар баррасии иттилоот бояд аз мавзеи мусбати ҷониби мардум гирифта шавад, изҳор дошт, ҳадафи аслӣ аз иҷрои тарҳи саҳмиябандии бензин ҳимоят аз ақшори ниёзманд аст. Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, муҳимтарин кори давлат қарор гирифтан дар канори мардум ва тармими қудрати хариди ақшори осебпазир аст.

Ҷаҳонгирӣ ҳадаф аз тавзеи бастаи ҳимояти маишатиро истиқрори адолат ва ҷилавгирӣ аз табъизи донист ва гуфт, бояд ба мардум итминон дод, ки ҳама воҷидони шароит аз бастаи ҳимояти маишатӣ баҳраманд хоҳанд шуд.