Эътимод ва ҳусни ният; лозимаи амалисозии амният дар минтақаи Халиҷи Форс
(last modified Thu, 12 Dec 2019 08:53:17 GMT )
Декабр 12, 2019 13:53 Asia/Dushanbe
  • Эътимод ва ҳусни ният; лозимаи амалисозии амният дар минтақаи Халиҷи Форс

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани баёнияи поёнии чиҳиллумин Нишасти сарони Шурои ҳамкории Халиҷи Форс дар Риёз гуфт, ҳомиёни сисатҳои нобихирадона дар минтақа бояд посухгӯи афкори умумӣ бошанд.

Аббоси Мусавӣ рӯзи чаҳоршанбе афзуд, маъдуд кишварҳои ҳомии истимрори сиёсатҳои нобихирадонаи кунунӣ дар минтақа бояд ба афкори умумӣ посух диҳанд, ки ба ҷуз эҷод ва тақвияти гуруҳҳои террористӣ дар Ироқ ва Сурия ва боз кардани пои бегонагон ба Халиҷи Форс чи иқдоме барои коҳиши танишҳо анҷом додаанд.

 Шурои ҳамкории Халиҷи Форс, ки соли 1981 бунён гузошта шуд; имрӯз илова бар ин ки бо буҳрони ҳувият ва якпорчагӣ ру ба ру аст, бархе аъзои ин шуро мавозеъеро иттихоз мекунанд, ки ба нафъи сулҳ ва амнияти минтақаи ғарби Осиё ва Халиҷи Форс нест.

Нуфузи суннатии Арабистон дар Шурои ҳамкории Халиҷи Форс ва пофишорӣ барои табаият аз сиёсатҳои саудӣ, ин шуроро бо буҳрони амиқи сиёсӣ ру ба ру кардааст. Илова бар ин мавзеъҳои минтақаии режимҳои саудӣ, Баҳрайн ва Иморот чолиши дигари минтақаи Халиҷи Форс аст.

Табаияти режимҳои саудӣ, Баҳрайн ва Иморот аз сиёсатҳои хасмона ва ғайрисозандаи Амрико дар минтақаи ғарби Осиё ва Халиҷи Форс минтақаро бо буҳрон ру ба ру кардааст.

Баёнияи поёнии чиҳилумин Нишасти сарони Шурои ҳамкории Халиҷи Форс дар Риёз нишон аз руйкарди зидди эронӣ, саудӣ дорад; дар ҳолес, ки Эрон бо ироаи тарҳҳои мухталифи минтақаӣ ва охирин намунаи он яъне тарҳи Сулҳи Ҳурмуз ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамзистии мусолиматомези худро дар минтақаи Халиҷи Форс ба исбот расондааст.

Ҳамсӯӣ ва ҳимоят аз руйкарди хасмонаи Амрико зидди миллати Эрон ин саволро барои афкори умумии минтақа ба вуҷуд овардааст, ки чаро режими саудӣ бидуни таваҷҷуҳ ба сиёсати ҳусни ҳамҷавории Эрон, бо режими Амрико ҳамсӯ шудааст.

Ҳузури бегонагон дар минтақаи ғарби Осиё ва Халиҷи Форс ва ҳамроҳӣ бо сиёсатҳои ҳадафманди онон кумаке ба сулҳ ва амнияти минтақа намекунад. Илова бар ин чатри ҳимоятии Амрико аз режими саудӣ ҳам амнияти ин кишварро дар минтақаи Халиҷи Форс тазмин намекунад.

Давлатҳои мухталиф дар Амрико фақат дунболи манофеи худ ҳастанд ва давлати мустақар ва кунунӣ дар Кохи Сафед ҳам бо адабиёти ғайридепломатик ва хориҷ аз урфи сиёсӣ мақомоти саудиро хатоб қарор медиҳад, ки ин масъала нишон аз авҷи рафтори ғайримасъулонаи амрикоиҳоро дорад, ки дар чунин шароите ҳушёрии саудиҳоро талаб мекунад.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти минтақаи Халиҷи Форс, руҷуъ ба рафторҳои масъулона, ҳамзистии мусолиматомез ва гуфтугӯҳои созанда, шоҳкалиди ҳали буҳрон ва мушкилоти минтақааст.

Эътимод ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар сояи нигоҳи мусбат ва руйкарди ҳамсоягӣ ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи давлати Эрон будааст.

Ироаи пешниҳоди имзои паймони манъи таарруз, эҷоди маҷмаи гуфтугӯҳои минтақаӣ ва ниҳоятан тарҳи Сулҳи Ҳурмуз аз ҷумла талошҳои Эрон барои амалисозии ҳамкории минтақаӣ аст, ки реша дар рафтори масъулонаи Эрон дар минтақа дорад.

Таҳаққуқи сулҳ ва амнияти минтақа ва канор гузоштани бархе кудуратҳои сиёсӣ фақат дар сояи гуфтугӯҳои минтақаӣ амалисозӣ мешавад, ки Эрон бо огоҳӣ аз ин асли муҳим дасти дустии худро ба сӯи кишварҳои ҳошияи ҷанубии Халиҷи Форс дароз кардааст.

Эътимод ба тарҳҳои ироашуда аз сӯи Эрон ба нафъи ҳамаи кишварҳои ҳошияи ҷанубии Халиҷи Форс аст ва аз ҳама муҳимтар дағдағаи амниятии кишварҳои узви ин шуроро ҳам, ки дар баёнияи поёнии Нишасти Риёз бар он таъкид шудааст, дар сояи ҳамкории ҷамъии минтақаӣ аз байн мебарад.