Декабр 15, 2019 17:30 Asia/Dushanbe
  • Зариф ва нахуствазири Қатар дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар карданд

Вазири умури хориҷаи Эрон ва нахуствазир ва вазири Қатар дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили минтақавӣ дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар дидори Шайх Абдуллоҳ бо Бин Носир Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар дар ҳошияи нишасти Doha Forum, бо табрики баргузории муваффақи ин нишаст, аз дуввумин ҳузури худ дар ин нишасти байналмилалӣ ибрози хурсандӣ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон ва нахуствазири Қатар ҳамчунин дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои мухталиф ва мавриди алоқа ва ҳамчунин мавзӯъҳои минтақа гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Зариф пеш аз ин бо шайх Муҳаммад ибн Абдурраҳмон Оли Сонӣ, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қатар, дар бораи таҳаввулот ва равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

 

Барчасп