Рӯҳонӣ: Равобити наздиктар бо кишварҳои муҳими осиёӣ ҷузъи аҳдофи Эрон аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, сиёсати нигоҳ ба Шарқ ва равобити наздиктар бо кишварҳои муҳими осиёӣ ҳамвора ҷузъи аҳдофи Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон субҳи рӯзи сешанбе, пеш аз азимат ба Малайзия барои ширкат дар Иҷлоси байналмилалии Куала-Лумпур-2019 гуфт, дар Иҷлоси байналмилалии Куала-Лумпур равобити чандҷонибаи дунёи ислом мавриди баррасӣ қарор мегирад. Рӯҳонӣ бо ишора ба потенсиалҳои дунёи ислом дар заминаҳои ҷуғрофӣ, энержӣ, ҷамъият, саноат, фарҳанг ва тамаддун таъкид кард, терроризм, ҷанг ва хунрезӣ, мудохилаи хориҷиҳо ва набудани шароити лозим барои тавсеа аз ҷумлаи мушкилоти кунунии дунёи ислом аст. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард, Эрон ва Малайзия дар заминаи масоили минтақаӣ ва дунёи ислом мавозеи муштарак доранд ва назари ҳарду кишвар дар бораи зарурати гуфтугӯ ва музокира барои ҳалли масоили ҷаҳони ислом воҳид аст. Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба равобити Эрону Ҷопон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва масоили зистмуҳитӣ гуфт, таҳримҳои золимона ва ғайриқонунии Амрико нопойдор аст ва кишварҳои ҷаҳон хоҳони равобити наздик бо Эрон ҳастанд. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки сафар ба Токио дар ростои тасҳил дар равобити дуҷониба ва гуфтугӯ дар бораи масоили муҳими миёни Эрону Ҷопон аст, афзуд, дар дидор бо нахуствазири Ҷопон дар бораи амнияти минтақа ва ҳамчунин соири масоили мавриди алоқа гуфтугӯ хоҳад кард.
Рӯҳонӣ ба даъвати расмии нахуствазири Малайзия барои ширкат дар Иҷлоси байналмилалии Куала-Лумпур-2019 субҳи имрӯз Теҳронро ба мақсади Малайзия тарк кард. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз ширкат дар иҷлоси Куала-Лумпур дар посух ба даъвати расмии Абэ Шинзо, нахуствазири Ҷопон барои сафар ба ин кишвар рӯзи ҷумъа аз Куала-Лумпур озими Токио хоҳад шуд.