Январ 08, 2020 10:10 Asia/Dushanbe
  • Оғози интиқоми сахт ; пойгоҳи амрикоии Айнуласад дар Ироқ дарҳам кубида шуд

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ҳадаф қарор додани пойгоҳи низомиёни амрикоии Айнуласад дар Ироқ, ба амалиёти ҷинояткорона ва террористии нируҳои мутаҷовизи амрикоӣ дар террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ , посухи қотеъ дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе эълом кард: Уммати исломии доғдор, миллати бузург ва шаҳидпарвари Эрони исломӣ замони амалишавии ваъдаи содиқ фаро расид ва ба изни Худованди мутаъол бомдоди имрӯз чаҳоршанбе дар посух ба амалиёти ҷинояткорона ва террористии нируҳои мутаҷовизи амрикоӣ ва интиқоми террори ноҷавонмардона ва шаҳодати мазлумонаи фармондеҳи қаҳрамон ва фидокори нируи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, сардори пурифтихор, сипаҳбуди посдор шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ва ёронаш, размандагони шуҷоъи нируи ҳаво-фазои Сипоҳ тайи амалиёти муваффақ ба номи амалиёти шаҳид Сулаймонӣ, бо рамзи муқаддаси” Ё Заҳро(с)” бо шиллики даҳҳо мушаки замин ба замин, пойгоҳи ҳавоии ишғолии артиши террористӣ ва мутаҷовизи Амрико мавсум ба Айнуласад дар Ироқро дарҳам кубиданд.

  Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ин пирӯзии бузургро ба уммати исломӣ ва мардуми фидокор ва азимушшаъни Эрони исломӣ табрик гуфт.

  Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ин баёния ба шайтони бузург, режими саффок ва мустакбири Амрико ҳушдор дод: Ҳар шарорати дубора ва ё таҳаррук ва таҷовузи дигар бо посухҳои дардноктар ва кубандатаре рубару хоҳад шуд.

  Ҳамчунин дар ин баёния ба давлатҳои муттаҳиди Амрико, ки пойгоҳҳои худро дар ихтиёри артиши террористии ин кишвар қарор додаанд ихтор дода мешавад,ки ҳар сарзамине ба ҳар тартиб нуқтаи оғози иқдомоти хасмона ва таҷовузгарона алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон қарор гирад, ҳадаф қарор хоҳад гирифт.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунин дар ин баёния бо ишора ба инки ба ҳеҷ ваҷҳ режими саҳюнистиро дар ин ҷиноятҳо ҷудо аз режими ҷинояткори Амрико намедонад ба мардуми Амрико тавсия кард, барои пешгирӣ аз хисоратҳои бештар,низомиёни амрикоиро аз минтақа фаро хонда ва иҷоза надиҳанд бо нафратафзоии рӯзафзуни режими зиддимардумии ҳоким бар Иёлоти Муттаҳида ҷони низомиёни он кишвар беш аз ин ба хатар уфтад.

  Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нируи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки бомдоди рӯзи ҷумъа (севуми январ) ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ ал-Муҳандис,ноиби раиси нируҳои мардумии Ироқ (Ҳашдушшаъби) ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии нируҳои мутаҷовиз ва террористии Амрико ба фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп