Январ 10, 2020 16:28 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Амрикоиҳо ба иқдомоти ғалат поён диҳанд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози умедворӣ кард, амрикоиҳо ба иқдомоти ғалат поён диҳанд, аммо агар иқдоми дигаре зидди манофеи Эрон анҷом диҳанд, бо аксуламали шадидтаре мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ панҷшанбе дар тамоси телефонии Сирил Рамафоса, раисҷумҳури Африқои Ҷанубӣ бо баёни ин ки решаи бисёре аз масоили хатарнок дар минтақа аз таҳрими ғайриқонунии Амрико сарчашма мегирад, гуфт, умедворем ҳамаи кишварҳои дӯст бо мавзеъгирии муносиби худ дар бораи ин иқдоми ғайриқонунӣ, Амрикоро водор кунанд ба қонун баргардад.

Раиси ҷумҳурии Эрон мавзеъгирии кишварҳо дар бораи террори шаҳид сипаҳбуд Қосими Сулаймониро бисёр муҳим донист ва таъкид кард, бояд ба амрикоиҳо фаҳмонда шавад, ки ҷаҳон намепазирад онҳо иқдомоти ҷинояткорона анҷом диҳанд.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки сардор сипаҳбуд Сулаймонӣ дар солҳои ахир ба таври мудовим бо гурӯҳҳои мухталифи террористӣ, ба вижа ДИИШ мубориза кард, афзуд, ҷинояти террори сипаҳбуд Сулаймонӣ мардуми Эронро дар баробари кишварҳои мутаҷовиз якпорчатар ва мунсаҷимтар кард.

Раиси ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ низ зимни тасалияти шаҳодати сардор сипаҳбуд Сулаймонӣ ба давлат ва мардуми Эрон, ин террорро буздилона хонд ва гуфт, аз шунидани хабари шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ, ки дар миёни мардум бисёр маҳбуб буд, шука шуда ва ин иқдом шадидан маҳкум аст.

Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки бомдоди ҷумъаи гузашта (севуми январи 2020) ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ ба фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ ба шаҳодат расид.

 

Барчасп