Январ 10, 2020 21:47 Asia/Dushanbe
  • Ташарруфи бонуи рус ба дини Ислом

Анна Ляхова, бонуи аҳли кишвари Русия бо ҳузур дар Ҷомеат-уз-Заҳро (с) –и шаҳри Қум (маркази Эрон) ва адои шаҳодатайн ба дини мубини Ислом мушараф шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин бонуи тозамусулмон гуфт: Дӯст доштам шаҳодатайнро дар макони муқаддас ва дар айни ҳол фазое илмӣ, бар забон ҷорӣ кунам. Ба ҳамин далел, шаҳри муқаддаси Қум ва Ҷомеат-уз-Заҳро (с)-ро интихоб кардам ва пас аз ин ҷо ба ҳарами ҳазрати Маъсума (саломуллоҳи алайҳо) мушарраф мешавад".

Анна Ляхова 28 сол дорад ва пас аз 2 сол мутолеа дар бораи дини Ислом мусулмон шудааст.

Дар солҳои ахир шумори зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои мухталиф бо сафар ба Эрон ба дини мубини Ислом мушарраф шудаанд.

 

Барчасп