Ибрози тааҷҷуби сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон аз изҳороти вазири хориҷаи Канада
(last modified Fri, 17 Jan 2020 10:10:03 GMT )
Январ 17, 2020 15:10 Asia/Dushanbe
  • Ибрози тааҷҷуби сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон аз изҳороти вазири хориҷаи Канада

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози тааҷҷуб аз изҳороти вазири хориҷаи Канада, аз ҳамаи тарафҳо хост, ки мавзӯоти инсонӣ, ба хусус ҳодисаи ғамангези суқути ҳавопаймои украиниро дастовези тамаъҳо ва жестҳои сиёсӣ накунанд.

Франсуа Филип Шомпейн, вазири умури хориҷаи Канада шомгоҳи панҷшанбе дар нишасти хабарии муштарак бо вазирони хориҷаи кишварҳои муртабит бо суқути ҳавопаймои украинӣ (Шветсия, Украина, Афғонистон, Англия ва Нидерланд) дар Лондон, дар изҳороти муғризона аз Эрон хост, раводиди вуруди коршиносони байналмилалиро барои оғози таҳқиқот дар ин замина содир кунад.

Як ҳавопаймои мусофирбарии мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина ҳаштуми январ наздики фурудгоҳи Имом Хумайнӣ (раҳ) –и Теҳрон суқут кард, ки бар асари он 167 мусофир ва 9 хадамаи ин парвоз ҷон бохтанд.

Сайид Аббоси Мусавӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба баргузории ин нишаст ва изҳороти муғризонаи вазири хориҷаи Канада, зимни ибрози ҳамдардии муҷаддад бо хонаводаҳои ҷонбохтагони суқути ҳавопаймои украинӣ гуфт, Эрон барои тасаллои хонаводаҳои доғдор ва абъоди инсонии ин ҳодиса ҳамкории бисёр равон ва фаротар аз интизор бо ҳайатҳои эъзомии ин кишварҳо анҷом додааст.

Мусавӣ афзуд, вазири умури хориҷаи Канада як рӯз пас аз анҷоми умури аввалия ва идомаи шиносоии тақрибан ҳамаи аҷсод ва соири ҳамкориҳо, хостори дастрасии консулӣ мешавад, дар ҳоле ки дар ҳамон рӯзи аввали ҳодиса сирфан ба хотири абъоди инсонӣ, ин дастрасӣ аз сӯи Эрон эъто шудааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Эрон дар чанд соли гузашта аз тариқи мухталиф ба Канада эълом кард, сарфи назар аз чигунагии равобити сиёсии ду кишвар, ба маслиҳати атбои Эрон ва Канада аст, ки намояндагиҳои консулӣ дар ду кишвар фаъол бошанд.

Мусавӣ афзуд, бо ин ҳол давлати Канада ба хотири масоили сиёсӣ ва ҳамроҳӣ бо Амрико барои фишор ба шаҳрвандони Эрон ва эронитаборҳо ҳатто ҳозир ба гуфтугӯи мустақим дар ин робита нашуда ва акнун ҳам маълум нест бо чӣ ангезае ин изҳори назарҳо матраҳ мешавад.