Январ 19, 2020 10:20 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Эрон: халиҷи ҷануби Эрон танҳо як ном дорад ва он Халиҷи Форс аст

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бомдоди якшанбе ба иқдоми тавҳиномези Эмануэл Макрон раиси ҷумҳурии Фаронса дар истифода аз номи ҷаълӣ барои Халиҷи Форс вокуниш нишон дод.

Ба нақл аз ИРНО, саид Аббоси Мусавӣ дар Твиттер хатоб ба Макрон навишт: халиҷе, ки дар ҷануби Эрон воқеъ аст танҳо як ном дорад ва он Халиҷи Форс аст. Ҳузури низомии шумо дар Халиҷи Форс ба андозаи иштибоҳи шумо дар номидани он ғалат аст. Ҳар ду иштибоҳи бузург, аммо қобили ҷуброн аст.

Мусавӣ ин твитро ба 3 забони Фаронса, англисӣ ва форсӣ мунташир кард.

Макрон ахиран дар твитте барои ишора ба халиҷи ҳамеша Форс аз номи ҷаълӣ истифода карда буд.

Халиҷи Форс, об роҳест, ки дар имтидоди дарёи Уммон ва дар миёни Эрон ва нима ҷазираи Арабистон қарор дорад ва номи таърихии ин халиҷ, дар забонҳои мухталиф, Халиҷи Форс ё баҳри Порс будааст.

Халиҷи Форс ба унвони муҳимтарин гузаргоҳи нафтии ҷаҳон бо тамаддуни Эрон, пайванде ногусастанӣ дорад ва аз ҷумла номҳое ба шумор меравад, ки аз гузашта то кунун дар санадҳо, мукотибаҳо ва қарордодҳое миёни қавмҳо ва миллатҳои дур ва наздик истифода мешавад.

Барчасп