Апрел 17, 2024 19:13 Asia/Dushanbe
  • Кишварҳои арабӣ ба думболи ҷойи пойи маҳкам дар Осиёи Миёна / пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди сармоягузорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт

Дувумин нишасти гуфтугӯҳои роҳбурдии Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ва Осиёи Миёна дар Тошканд баргузор шуд ва ду тараф як барномаи иқдоми муштараки чаҳорсоларо ба тасвиб расонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин барнома ки ҳавзаҳое монанди сиёсат ва амният, иқтисод, ҳамлу нақл, манобеъи об ва энергӣ, омӯзиш, беҳдошт, фарҳанг, ҷавонон ва варзишро дар бар мегирад.Дар ин нишаст бар тааҳҳуди муштарак барои ташкили як мушорикати пойдор ва оянданигар бар асоси арзишҳои муштарак ва манофеъи мутақобил таъкид шуд.Ҷосим Муҳаммад ал-Бадавӣ-дабири кулли Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс, гуфт: Ин дидор бар тамоюли ду тараф барои тақвияти равобит ва гуфтугӯҳои роҳбурдӣ ва талош барои таъмини манофеъ муштаракшон таъкид кард.Ин гуфтугӯҳо илова бар таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ, бар роҳҳои тақвияти равобити байн ду тараф мутамаркиз буд.

 Тарафҳо ҳамчунин пешниҳодоти марбут ба механизмҳои ташвиқи сармоягузорӣ аз кишварҳои ширкаткунанда, аз ҷумла пешниҳодоти Тоҷикистон ва Узбакистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд ва масъулони бахши сармоягузории ҳар ду тарафро ташвиқ карданд то ин пешниҳодотро мутолиа ва созукорҳои муассир барои тарвиҷи сармоягузории байни ду минтақаро баррасӣ кунанд.

 

Барчасп