Зариф: Трамп сиёсати хориҷиашро бар асоси воқеиятҳо поягузорӣ кунад
Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҳрифи бахшҳое аз гуфтугӯҳояш бо ҳафтаномаи олмонии Шпигел ба раиси ҷумҳурии Амрико тавсия кард, изҳорот ва тасмимгириҳояш дар ҳавзаи сиёсати хориҷиро бар асоси воқеиятҳо поягузорӣ кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт, беҳтар аст Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико изҳорот ва тасмимгириҳояш дар сиёсати хориҷиро бар мабнои воқеиятҳо эҷод кунад, на бар асоси сархатҳои хабарии Факс-Ниюз ё мутарҷимони форсиаш.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо замима кардани акси бахше аз мусоҳибаи ахираш бо ҳафтаномаи олмонии Шпигел, ки дар нусхаи англисии он мунташир шуд афзуд, Трамп барои ин ки беҳтар огоҳ шавад метавонад тамоми мусоҳибаро ба забони англисӣ бихонад.
Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико бомдоди якшанбе дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер бо ишора ба гуфтугӯи Зариф бо ҳафтаномаи олмонии Шпигел муддаӣ шуд, вазири умури хориҷаи Эрон мегӯяд Теҳрон бо Амрико дар сурати бардошта шудани таҳримҳо музокира мекунад.