Ироқчӣ: Эъмоли таҳрим алайҳи Эрон бефоида аст
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба эъмоли таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи мардуми Эрон гуфт: Душманони Эрон бидонанд, ки таҳрим бефоида ва беҳосил аст.
Ба гузориши ИРНА, Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе, дар ҳамоиши таҷлил аз корофаринони бартари Эрон дар Теҳрон афзуд:
Душманон ҳар фишоре, ки метавонистанд ба Ҷумҳурии исломӣ ворид карданд ва ҳатто қаҳрамонон ва устураҳои Эронро террор карданд.
Ироқчӣ таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамон тавр, ки бо тавони низомии худ душманонро ноумед кардааст, аз назари иқтисодӣ ҳам бар онон пирӯз хоҳад шуд.
Давлати Амрико аз нахустин рӯзҳои иҷроӣ шудани БарҶом (16 январи 2016) коршиканиҳо дар иҷрои он ва талош барои костан аз мазоёи иқтисодии Эрон аз БарҶомро оғоз кард.
Бо рӯи кор омадани Доналд Трамп дар Амрико ин коршиканиҳо шиддат гирифт ва ӯ борҳо таҳдид кард, кишварашро аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ хоҳад кард.