Рақобати беш аз 7 ҳазор номзад барои вуруд ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон
(last modified 2020-02-19T09:07:43+00:00 )
Феврал 19, 2020 14:07 Asia/Dushanbe
  • Рақобати беш аз 7 ҳазор номзад барои вуруд ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон

Раиси Ситоди интихоботи Эрон аз рақобати 7157 номзад барои вуруд ба ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ хабар дод.

Ҷамол Урф, раиси Ситоди интихоботи Эрон бо ишора ба ин, ки беш аз 54 ҳазор шӯъбаи раъй дар саросари кишвар мустақар шудааст афзуд:

1021 нафар аз номзадҳои интихобот мадраки доктори илмҳоро ва беш аз 5000 нафар таҳсилоти коршиносии аршад доранд.

Вай ҳамчунин бо ишора ба ин, ки барои интиқоли сандуқҳои раъй дар бархе аз манотиқи сахтгузар, аз болгард истифода хоҳем кард гуфт:

Миёнгини мушорикати 10-умин давраи интихоботи Маҷлис дар Эрон 60 дарсад будааст.

Вай афзуд: Баровардҳо нишон медиҳанд, ки беш аз 50 дарсади мардум омодаи ширкат дар интихобот ҳастанд.

 

Барчасп