Раиси қувваи қазоияи Эрон: Орои мардум ҳаққуннос аст
(last modified Fri, 21 Feb 2020 09:39:34 GMT )
Феврал 21, 2020 14:39 Asia/Dushanbe
  • Раиси қувваи қазоияи Эрон: Орои мардум ҳаққуннос аст

Раиси қувваи қазоияи Эрон пас аз он ки орои худро дар ду сандуқи интихоботи маҷлис ва интихоботи миёндавраии хубрагон андохт, гуфт, ҳама бояд диққат кунанд ва бидонанд, ки орои мардум ҳаққуннос аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ пас аз ширкат дар интихобот, дар мусоҳиба бо хабарнигорон афзуд, ҳамаи касоне, ки пойи сандуқ ҳузур доранд, масъулони вазорати кишвар ва масъулони нозир дар Шӯрои нигаҳбон, бояд диққат кунанд, ки орои мардум ҳаққуннос аст.

Вай гуфт, бавижа дар шумориш ва хондани оро, ки имшаб оғоз мешавад, ҳатман бояд ҳуқуқи мардум риоят шавад то маҷлиси қавӣ шакл гирад, ки битавонад дағдаға ва дарди мардумро дошта бошад, гиреҳ аз кори мардум боз кунад ва масъалааш - масъалаи низом, инқилоб, кишвар ва мардум бошад.

Раисӣ афзуд, дар кишвар таҷрибае тӯлонӣ аз баргузории даҳҳо интихобот дорем ва аз ин назар интихобот дар Эрон созукоре итминонбахш дорад.

Раиси қувваи қазоияи Эрон таъкид кард, интихобот дар муқобили тавтеаҳо ва фитнаҳои душман беҳтарин подзаҳр аст, ки метавонад ҳамаи фитнаҳо ва тавтеаҳоро хунсо кунад ва ҳарчӣ ин қудрат намод ва намуди бештаре дошта бошад, душман ноумедтар мешавад.