Билотаклифии 30 вагон маводи ғизоӣ дар марзи Туркманистон / Ройзанӣ бо Тоҷикистон идома дорад
(last modified Wed, 26 Feb 2020 13:10:07 GMT )
Феврал 26, 2020 18:10 Asia/Dushanbe
  • Билотаклифии 30 вагон маводи ғизоӣ дар марзи Туркманистон / Ройзанӣ бо Тоҷикистон идома дорад

30 вагон маводи ғизоӣ дар марзи Туркманистон билотаклиф аст.

Ба гузориши ИЛНА, Муҳаммадҳусайни Равшанак, раиси Утоқи бозаргонии Эрон ва Тоҷикистон дар мавриди охирин вазъияти содирот ба кишварҳои Осиёи Миёна гуфт, содироти Эрон ба кишварҳои Осиёи Миёна монанди Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон аз тариқи вагон идома дорад, танҳо маҳдудият барои содироти маводи ғизоӣ вуҷуд дорад.

Вай гуфт: “Аз дирӯз гумруки Туркманистон 30 вагон маводи ғизоиро, ки аз муддатҳо пеш боргирӣ шуда буд, тавқиф кардааст ва иҷозаи вуруд ба он вагонро намедиҳад ва вазъияти онҳо феълан билотаклиф аст”.

Вай идома дод: “Албатта мо пайгири мавзуъ ҳастем ва саъй мекунем бо ройзанӣ иҷозаи вурудро аз кишвари Туркманистон бигирем”.

Раиси Иттиҳодияи содиркунандагон ва воридкунандагони Хуросон гуфт: “Дар ҳоли ҳозир дар марзи Афғонистон мушкилоти зиёде надорем ва комюнҳо ба тадриҷ дар рафту омад ҳастанд. Аммо Туркманистон танҳо ба ронандагони туркман иҷозаи вурудро медиҳад. Аалбатта бо ҷаласае, ки ба муовини раёсати устондори Хуросон доштем, ба дунболи тадобире ҳастем то ронандагони мо низ имкони убурро дошта бошанд”.

Вай афзуд, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки бештари колоҳое, ки аз масири Дуғорун ва Лутфобод мунтақил мешаванд, транзитӣ ҳастанд, яъне тавлиди дохили мо нестанд ва аз соири кишварҳо ба Осиёи Миёна мунтақил мешаванд.

Раиси Утоқи бозаргонии Эрон ва Тоҷикистон идома дод, барои Тоҷикистон низ сафири кишварамон дар ҳоли ройзанӣ аст то мушкилоти пешомада бо ин кишвар низ бартараф шавад.