Поёни нишасти комиссияи муштараки БарҶом дар Вена
(last modified Wed, 26 Feb 2020 13:34:27 GMT )
Феврал 26, 2020 18:34 Asia/Dushanbe
  • Поёни нишасти комиссияи муштараки БарҶом дар Вена

Нишасти комиссияи муштараки БарҶом дар сатҳи муовинон ва мудирони сиёсии вазоратҳои хориҷаи Эрон ва гурӯҳи 4+1 дар Вена поён ёфт.

Ба гузориши “Форс”, нишасти комиссияи муштараки БарҶом дар сатҳи муовинон ва мудирони сиёсии вазоратҳои хориҷаи Эрон ва гурӯҳи 4+1 (Олмон, Фаронса, Русия, Чин ва Англия) баъд аз ҳудуди якуним соат дар Вена поён ёфт.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон ва Ҳелга Шмид, муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо раёсати ин нишастро бар ӯҳда доштанд.

Ҳелга Шмид, муовини Ҷозеф Борел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар твитте ҳамзамон бо баргузории ин нишаст навишта буд: “Комиссияи муштараки БарҶом дар ҳоли баргузорӣ аст. Баҳсҳои ҳаётӣ бо ширкаткунандагон дар бораи роҳи рӯ ба пеш, ба манзури ҳифзи тавофуқи ҳастаии Эрон дар ҷараён аст”.

Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена низ дақоиқе қабл дар Твиттер навишт: “Нишасти комиссияи муштараки БарҶом дар фазое бидеҳ - бистонӣ баргузор шуд. Ширкаткунандагон (дар нишасти комиссияи муштараки БарҶом) як бори дигар тааҳҳудашонро дар қиболи тавофуқи ҳастаии Эрон ба унвони як унсури калидӣ дар сохтори меъмории адами густариш такрор карданд. Коршиносон (фаннӣ) дар бораи мавзӯоти ҳастаӣ ва иқтисодӣ бештар сӯҳбат хоҳанд кард”.

Нишасти имрӯз дар ҳоле баргузор шуд, ки Эрон 15 даймоҳ гоми панҷум ва ниҳоии коҳиши тааҳҳудоти БарҶомии худро эълом кард ва гуфт, ки дигар бо ҳеҷ маҳдудияте дар ҳавзат амалиётӣ (шомили зарфияти ғанисозӣ, дарсади ғанисозӣ, мизони маводи ғанишуда ва таҳқиқу тавсеа) мувоҷеҳ нест.