Рӯйхатти сиёҳи FATF: нигоҳи сиёсӣ ба Эрон
(last modified Thu, 27 Feb 2020 09:05:28 GMT )
Феврал 27, 2020 14:05 Asia/Dushanbe
  • Рӯйхатти сиёҳи FATF: нигоҳи сиёсӣ ба Эрон

Давлати Эрон тасмими коргурӯҳи иқдоми молӣ (FATF) дар қарор додани номи Ҷумҳурии исломии Эрон дар гурӯҳи кишварҳои ғайриҳамкор ( рӯйхатти сиёҳ)-ро бо ангезаҳои сиёсии бархе бадхоҳони Эрон донист.

Давлати Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе эълом кард, сиёсати зидди терроризм и Эрон мубтанӣ бар моҳияти адолатхоҳона ва сулҳталабонаи низоми Ҷумҳурии исломии Эрон аст ва дар ҳамаи арсаҳо аз ҷумла муқобила бо таъмини молии терроризм, ба таври ҷиддӣ иҷроӣ мешавад.

коргурӯҳи вижаи иқдоми молӣ 21 феврали 2020 Эронро бо иддаои татобуқ надоштани иқдомоташ бо ҳанҷорҳои байналмилалии муқобила бо таъмини молии терроризм ба рӯйхатти сиёҳ дохил кард. 

Иддаои ин ниҳоди молӣ дар ҳоле зидди Эрон матраҳ шудааст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон танҳо кишваре аст, ки ба таври воқеӣ ва муассир бо гурӯҳҳои террорист дар минтақаи Ғарби Осиё мубориза кардааст. 

Эрон бар асоси расолат ва моҳияти сулҳ ва адолатхоҳии худ, ки асоси исломӣ ва динӣ дорад, муваззаф ба риояти усул ва қавоиди миллӣ ва байналмилалии таърифшуда бар асоси адолат аст. 

Дар ҳамин чорчӯб, Эрон қавонини миллии марбут ба пулшӯӣ ва таъмини молии терроризмро иҷро кардааст ва дар дастури кор дорад. 

Маҷлиси Шӯрои исломӣ  ба унвони ниҳоде қонунгузор дар Эрон қавонин ва муқаррароти дохилӣ дар заминаи пулшӯӣ ва таъмини молии терроризм вазъ кардаст, ки таъсиргузории он камтар аз ҳанҷорҳо ва қавонини байналмилалӣ нест. 

Бо таваҷҷуҳ ба инки созу корҳои байналмилалӣ манфиатҳо ва айбҳое дорад ва бештар таҳти таъсири нигоҳи сиёсии қудратҳо аст, фишор ин созу корҳо бар кишварҳое монанди Эрон, ки дар иҷрои муқаррароти марбут ба пулшӯӣ ва таъмини молии терроризм ҳассосият доранд, беш аз ончи, ки ҷанбаи ҳуқуқӣ ва қонунӣ дошта бошад, сирфан рӯйкарде сиёсӣ аст. 

Илова бар ин, асосан бо таҳримҳои ҳамаҷонибаи Амрико алайҳи Эрон,  иртиботи байналмиллалӣ байни низоми пулӣ ва бонкии Эрон вуҷуд надорад ва дар чунин шароите пазириш ва иҷрои қавонини молии  FATF манфиате барои Эрон надорад. 

Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти мавҷуд яъне барқарор будани таҳримҳои Амрико ва иртибот надоштани низоми пулӣ ва молии Эрон бо хориҷ аз кишвар, вуруди дубораи Эрон ба рӯйхатти сиёҳи FATF чандон бар иқтисоди Ҷумҳурии исломии Эрон таъсир надорад.

Дар ҳамин замина Абдулносир Ҳимматӣ - раиси кулли Бонки марказии Ҷумҳурии исломии Эрон мӯътақид аст, дар даврони сахти таҳримҳо ва фишори ҳаддиаксарии Амрико, низоми пулӣ ва молии Эрон тавонистааст иртибототи таҳримнопазирӣ бо низоми пулӣ ва молии дунё, хориҷ аз чорчӯби FATF барқарор кунад.

Тағйири авлавияти тиҷорати хориҷии Эрон аз тилло сиёҳ (нафт) ба фаровардаҳои нафтӣ, хадамоти технологӣ ва муҳандисӣ ва колоҳои донишмеҳвар сабаб шудааст, таҳдидҳо, сангандозии Амрико ва рӯйкарди сиёсии созу корҳои байналмиллалӣ монанди FATF дар фароянди мубодилоти тиҷории Эрон халале ворид накунад.

Ҳатто пазириш ва тасвиби муқаррароти марбут ба гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ таъсире дар вазъияти таҳримҳои Амрико зидди миллати Эрон нахоҳад гузошт ва Эрон дар мақтаи замонӣ ба ин натиҷа расидааст, ки риояти қавонини мадди назари FATF зарурати фаврӣ нест.