Таъкиди Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Эрон бар иқдомоти боздоранда алайҳи куштори мусулмонони Ҳинд
(last modified 2020-03-06T13:07:48+00:00 )
Март 06, 2020 18:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Эрон бар иқдомоти боздоранда алайҳи куштори мусулмонони Ҳинд

Дабирхонаи Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Эрон зимни маҳкумияти куштори мусулмонони Ҳинд, бар лузуми аксуламали қотеъ ва боздоранда алайҳи ин ҷиноёт таъкид кард.

Дар паёми дабирхонаи Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Эрон омадааст, дар рӯзҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо бемории фарогири корона даргир аст, бемории ифротгароӣ ва мудоро накардан бо мусулмонони Ҳинд эҳсоси мардуми ҷаҳонро ҷариҳадор кардааст.

Мусулмонони Ҳинд ба унвони бахше аз ҷомеаи ин кишвар, ки дар тӯли таърих зимни ҳамзистии мусолиматомез бо соири ақшори ин кишвар, нақши зиёде дар таърихи тамаддуни нимҷазираи Ҳинд доштаанд, дар эътироз ба қонуни тобеияти ин кишвар дар қолаби як эътирози маданӣ аксуламал нишон доданд, аммо бо посухи хушунатомез ва хунини ҳиндуҳои ифротӣ мувоҷеҳ шуданд.

Дар ин паём таъкид шудааст, он чӣ имрӯз аз вақоеи Ҳинд дар расонаҳои ҷаҳон мунъакис шудааст, бидуни тардид нишон аз як наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дорад, ки лозим аст Созмони Милал, Шӯрои амният ва дигар ниҳодҳои масъули байналмилалӣ дар қиболи он аксуламали муносиб нишон диҳанд ва ҳамаи зарфияти худро барои таваққуфи ин ҷиноёт ба кор гиранд.

Ислоҳи қонуни шаҳрвандии Ҳинд дар 11 декабри соли 2019 ба тасвиб расид. Бар асоси ин қонун, паноҳҷӯёни кишварҳои Бангладеш, Афғонистон ва Покистон дар Ҳинд, ки бидуни авроқи муътабар пеш аз соли 2015 вориди ин кишвар шудаанд, метавонанд шаҳрвандии Ҳиндро дарёфт кунанд, аммо ин қонун шомили ҳоли мусулмонон намешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳиндуҳои ифротӣ бо ҳамла ба мусулмонон, масоҷидро дар шимоли шарқи Деҳлии Нав тахриб карданд ва маҳаллоти мусулмоннишинро бо бомбаҳои бензинӣ ҳадаф қарор доданд. Бар асоси омори эъломшуда тавассути мақомоти Ҳинд, дар тӯли даргириҳои як ҳафтаи гузашта, 46 нафар кушта ва беш аз 300 нафар маҷруҳ шудаанд.

  1. Вокуниши “Твиттер”-ии дафтари раҳбари инқилоб ба воқеаҳои Ҳинд/ давлати Ҳинд дар муқобили ҳиндуҳои ифротӣ биистад

  2. Афзоиши хушунати ҳиндуҳои ифротӣ алайҳи мусалмонони Ҳинд

 

Барчасп