Март 13, 2020 18:26 Asia/Dushanbe
  • Лағви баргузории намози ҷумъа дар пайи паҳншавии вируси корона дар Эрон

Намози ҷумъа дар марокизи устонҳои Эрон дар пайи шуюъи вируси корона баргузор намешавад.

Шӯрои сиёсатгузории аиммаи ҷумъаи Эрон дар иттилоияе бо қадрдонӣ аз талоши ҷомеаи пизишкон ва мудирону масъулони Вазорати беҳдошт дар мубориза бо вируси корона эълом кард, намози ҷумъаи ин ҳафта дар тамоми марокизи устонҳои Эрон лағв шудааст.

Пеш аз ин низ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо дуо барои офияти беморон ва ҳамчунин талаби раҳмату мағфирати илоҳӣ барои даргузаштагон бар асари бемории паҳншуда дар Эрон таъкид карда буданд: “Дар амал ба тавсияҳо ва дастуруламалҳои масъулон дар хусуси пешгирӣ аз ин беморӣ набояд кӯтоҳӣ шавад, зеро Худованд моро муваззаф кардааст дар қиболи саломати худ ва дигарон эҳсоси масъулият кунем”.

То рӯзи панҷшанбе 10 ҳазору 75 нафар дар Эрон ба корона мубтало шудаанд, ки 3276 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд. Маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон низ то рӯзи панҷшанбе ба 429 тан расид.

 

Барчасп