Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос ва Рӯзи ҷонбоз
(last modified Sun, 29 Mar 2020 06:30:33 GMT )
Март 29, 2020 11:30 Asia/Dushanbe
  • Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос ва Рӯзи ҷонбоз

Дар солрӯзи валодати босаодати қамари банӣ Ҳошим ҳазрати Абулфазли Аббос (а) ва Рӯзи ҷонбоз, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо судури паёме аз мақоми болои ҷонбозони инқилоби исломӣ таҷлил карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дар паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муаззами инқилоби исломӣ омадааст: Рузи валодати қамари банӣ Ҳошим ҳазрати Абулфазли Аббос (а)-ро, ки то абад муфтахар ба парчамдории Карбало аст ба ҷонбозони азизи Эрон, ки номашон муфтахар ба тақорун бо ин рӯз аст, табрик арз мекунам.

Ишон афзуданд: Шумо ҷонбозон, муҷоҳидони фидокор ва шаҳидони зиндаед ва чашму дили шумо бо подоши илоҳӣ равшан хоҳад шуд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз Худованди мутаол барои ҷонбозон ва хонаводаҳои сабури онон, саломат, иззат, собитқадамӣ ва офияти некӯ масъилат карданд.

Ҳамасола дар Рӯзи ҷонбоз, ҳайатҳое аз тарафи раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Теҳрон ва шаҳристонҳо барои таҷлил аз ҷонбозони сарафроз ба манзилҳои онон ва осоишгоҳҳо муроҷеа мекарданд, ки имсол ба далели шуюи коронавирус ва таъкидоти масъулони умури тандурустӣ ва дармон мабнӣ бар риояти фосилаи иҷтимоӣ, ин дидорҳо қатъ шуд.

Имрӯз (якшанбе), чаҳоруми шаъбони соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 29 марти 2020, солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а) аст.

 

Барчасп