Руҳонӣ: Пайванди мустаҳками таърихии миллат ва артиши Эрон барои ҳамеша ҷовдона хоҳад буд
(last modified 2020-04-15T10:06:53+00:00 )
Апрел 15, 2020 15:06 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Пайванди мустаҳками таърихии миллат ва артиши Эрон барои ҳамеша ҷовдона хоҳад буд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо табрики Рӯзи артиши ҷумҳурии исломӣ гуфт: Пайванди мустаҳками таърихӣ ва беназире, ки байни миллат ва артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вуҷуд омадааст, барои ҳамеша ҷовдона хоҳад буд.

Дар Эрон 17 апрел, бо ҳадафи таҷлил ва такрими диловармрдиҳо ва рашодатҳои хидматгузорони артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, Рӯзи артиш номгузорӣ шудааст.

Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат, бо қадрдонӣ аз талошҳои неруҳои мусаллаҳи ҷумҳури исломӣ ба вижа артиш дар муқобила бо корона афзуд: Неруҳои мусаллаҳи Эрон аз ҷумла артиш нишон доданд, ки онҳо барои сулҳ, ҷанг ва ҳамчунин барои боздорандагӣ мавриди ниёзи кишвар ҳастанд.

Руҳонӣ бо баёни ин ки артиши Эрон ҳамеша сарафроз будааст,  тасреҳ кард: Артиши Эрон ҳамеша пуштибони миллат ва миллат ҳам пуштибони артиш аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба баргузор нашудани режаи неруҳои мусаллаҳи Эрон ба муносибати Рӯзи артиш изҳор кард: Ҳамасола дар Рӯзи артиш, дар канори марқади мутаҳҳари ҳазрати имом Хумайнӣ (ра), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, режаи неруҳои мусаллаҳ баргузор мешуд, аммо имсол баргузории ин маросим ба далели шароити беҳдоштие, ки мавриди ниёзи кишвар аст, имконпазир нест.

Имсол ба муносибати Рӯзи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, тарҳе бо номи "Режаи хидмат" ва бо шиори "Мудофеони ватан ва ёварони саломат" дар сатҳи кишвар иҷро мешавад.

 

Барчасп