Апрел 23, 2020 16:48 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон дар тавлиди алюминий, фӯлод ва мис ҷойгоҳи ҷаҳонӣ дорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар оини баҳрабардорӣ аз тарҳҳои миллӣ ва зербиноии устони Форс (ҷануби Эрон) гуфт, Эрон ҷойгоҳи чаҳордаҳуми ҷаҳон дар тавлиди алюминий, даҳум дар тавлиди фӯлод ва понздаҳум дар тавлиди мисро дорад.

Чаҳор тарҳи миллӣ ва зербиноии «муҷтамаи саноатии алюминийи ҷануб», «муҷтамаи варзишии шаҳид Ҳоҷқосими Сулаймонӣ», «бемористони 124 тахтхобӣ» ва «терминоли фурудгоҳи байналмилалӣ» рӯзи панҷшанбе дар ҷануби устони Форс ба баҳрабардорӣ расид.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи панҷшанбе дар ин маросим, ки аз тариқи видеоконфронс баргузор шуд, бо қадрдонӣ аз ҳамаи мутахассисон, муҳандисин ва коргароне, ки барои умрон ва ободонии Эрони исломӣ мекӯшанд, гуфт, таҳаввулоти азими кишвар дар ҳавзаи саноат бисёр умедворкунандааст.

Рӯҳонӣ афзуд, ин тарҳҳо бо вуҷуди фишорҳои ношӣ аз таҳримҳо баҳрабардорӣ шуданд, ки бисёр ҳоизи аҳаммият аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин иқдоми ахири Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар партоби моҳвораи “Нур”-ро иқдоме муборак ва ҳосили талошҳои арзишманди ин ниҳоди инқилобӣ донист.

Моҳвораи "Нур" ба унвони нахустин моҳвораи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе аз моҳворабари 3 марҳалаии "Қосид", аз кавири марказии Эрон тавассути Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар мадори 425 километрии замин қарор гирифт.

 

Барчасп