Апрел 24, 2020 20:51 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрдори Лондон: Теҳрон дар мубориза бо корона аз Лондон ҷулутар аст

Шаҳрдори Лондон дар дидори маҷозӣ бо шаҳрдори Теҳрон гуфт, Теҳрон дар муқобила бо вируси корона аз Лондон ҷулутар аст.

Ба гузориши маркази иртибототи шаҳрдории Теҳрон, шаҳрдорони Теҳрон ва Лондон дар дидоре маҷозӣ, таҷрибиёти худро дар муқобила бо вируси корона ба иштирок гузоштанд.

Пирӯз Ҳиночӣ, шаҳрдори Теҳрон дар ин дидори маҷозӣ бо Содиқ Хон, шаҳрдори Лондон гуфт, Эрон ҳамзамон бо ду вируси корона ва таҳрим меҷангад.

Вай афзуд, маҳдудиятҳои зиёде дар новгони ҳамлунақли умумӣ барои мудирияти шаҳрии Теҳрон вуҷуд дорад. Аз ҷумла ин ки ба далели таҳримҳо имкони густариши он нест, аммо шаҳрдории Теҳрон дар даврони шуюъи корона бо ҳифзи протоколҳои беҳдоштӣ дар ҷобаҷоии мусофирон бо новгони ҳамлунақли умумӣ иқдомоти муассире анҷом додааст.

Ҳиночӣ гуфт, бо вуҷуди шароити корона, касбу корҳои стартапи дар Эрон фаъол шуд ва бисёре аз хадамоте, ки пеш аз шуюъи ин вирус ба сурати ҳузурӣ анҷом мешуд, ҳамакнун ба сурати интернетӣ ва дар шабакаҳои маҷозӣ анҷом мешавад.

Содиқ Хон, шаҳрдори Лондон низ бо ташаккур аз барқарории ин тамоси видеоӣ гуфт, бисёре аз тадобире, ки дар Лондон барои муқобила бо корона андешида шуд, шабеҳи иқдомоти Эрон аст ва ҳатто Эрон дар ин замина ҷулутар аст, ки бояд ба масъулони эронӣ табрик гуфт.

Шаҳрдори Лондон ба шароити таҳрими Эрон ишора кард ва гуфт, дар дидори худ бо мақомоти давлати Англия, масоил ва мушкилоти Теҳрон дар робита бо таҳримҳоро барои онҳо хоҳам гуфт ва умедворам ин мушкил ба зудӣ ҳал шавад.

 

Барчасп