Апрел 28, 2020 09:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эрон дар хусуси ҳар иқдоми таҳрикомези Амрико дар халиҷи Форс

Ҳузури артиши Амрико дар халиҷи Форс, тангаи Ҳурмуз ва дарёи Уммон иқдоме халалдоркунандаи амнияти минтақа аст ва ҳар иқдоми ғайриқонунӣ ва таҳрикомез бо бархурди қотеъи Эрон мувоҷеҳ мешавад.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар баёнияе бо ин ҳушдор, ташкили эътилофҳои дурӯғин ба раҳбарии Амрико ба баҳонаи ҳифзи амнияти киштирониро иқдоме мухотираомез ва дар айни ҳол барҳамзанандаи сулҳу амнияти минтақа донист ва гуфт: Амрико бо тараддуди пурзарар ва истиқрори пойгоҳҳои низомӣ дар минтақа, амалан маншаи беқонунӣ, шарорат ва ноамнӣ шуда ва Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо рафторҳои бесуботкунанда ва барҳамзанандаи назму амнияти минтақаӣ ва муғойир бо қавонину муқаррароти байналмилалии Амрикоро ба маҷомеи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ гӯшзад кардааст.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ин баёния хитоб ба Амрико ва муттаҳидони он таъкид кард, ҳангоми тараддуд дар обҳои инҳисории иқтисодии Эрон, зимни тамкин аз қавонин ва қавоиди байналмилалӣ ва ҳамчунин муқаррароти Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҳар гуна моҷароҷӯӣ, иқдомоти муғоири дарёнавардии эмин ва безарар ва ривоятҳои дурӯғин аз рафторҳои мухотираомези худ, ҷиддан худдорӣ кунанд.

Чандест, ки сенарияи ташкили эътилофи низомӣ дар тангаи Ҳурмуз аз сӯи Амрико матраҳ шудааст. Кохи Сафед аҳдофи зиёдеро дар ин замина дунбол мекунад, ки аз ҷанбаҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ қобили тааммул аст.

Ҳадафи нахуст, эҳёи ҷараёни эронҳаросӣ ва афзоиши фишор бар ҷумҳурии исломӣ аз масири эътилофсозиҳои фароминтақавӣ аст.

Ҳадафи дувуми Кохи Сафед аз ин эътилофсозӣ, эҷоди вазъияте аст, ки ҳамкориҳои минтақаии Эрон бо кишварҳои ҳамсояро дучори чолиши беэътимодӣ созад.

Ҳадафи севуми Амрико дар ин замина, идомаи ҷараёни тиҷорати пурсуди фурӯши силоҳ ба кишварҳои арабии минтақа аст, ки зери пӯшиши дурӯғини амнияти воридотӣ дунбол мешавад.

Ин таҳаррукот дар ҳоле идома дорад, ки иқтизоот ва шароити хоси геополитикии минтақаи халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз ба гунае аст, ки ҳеҷ қудрате дар ҷаҳон наметавонад нақши Эронро дар ҳифзи амнияти ин оброҳи муҳими ҷаҳонӣ, ки шараёни аслии интиқоли энержӣ дар дунё ба шумор меравад, нодида бигирад.

Аз нигоҳи Эрон, амнияти пойдор дар минтақа ба як тағйири бунёдин дар чорчӯби ҳамкориҳои минтақаӣ ниёз дорад.

Дар ин росто, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти маҷмаи умумии Созмони Милал дар соли 2019 тарҳи сулҳи Ҳурмузро ироа кард.

Ҳадаф аз ин ибтикор тарвиҷи ҳамбастагӣ, равобити мусолиматомез ва дӯстона ва ҳамкорӣ миёни ҳамаи кишварҳои минтақа, ҳамкорӣ дар заминаи муқобила бо таҳдидҳои муштарак ва ҳаллу фасли мусолиматомези тамоми танишҳо ва мунозиоти минтақаӣ аз тариқи афзоиши иртиботот байни давлатҳои минтақа аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе низ дар тамоси телефонӣ бо Ши Ҷин Пинг, раисҷумҳури Чин таъкид кард, барои Эрон амнияти минтақа ва оброҳаҳо дорои аҳамият аст, аммо рафторҳои мухотираомези Амрико мумкин аст муҷиби ихтилол дар суботи минтақаи халиҷи Форс шавад.

Раисҷумҳури Чин дар ин гуфтугӯ “тарҳи сулҳи Ҳурмуз” -ро барои амнияти минтақа бисёр мусбат арзёбӣ кард ва амнияти халиҷи Форсро барои сулҳу суботи ҷаҳонӣ зарурӣ хонд.

Ҳамон гуна, ки дар баёнияи Ситоди муштараки артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфта шудааст: Танҳо ҷойгузини амн ва мутмаин барои тасбити оромиш ва субот дар халиҷи Форс, тангаи Ҳурмуз ва дарёи Уммон, хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико ва муттаҳидони он ба унвони конунҳои барҳамзанандаи сулҳу субот ва супурдани амният ба кишварҳои минтақа ва бо ҳамкории якдигар аст.

 Ин дидгоҳ, нозир бар ин нукта аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳони ҳеҷ гуна таниш ва даргирӣ дар минтақа набудаву нест, аммо ҳамвора бо омодагӣ, салобат ва қудрат аз тамомияти арзии худ дифоъ мекунад. Баёнияи Ситоди муштараки артиш паёми равшане дар ин замина дорад ва тасреҳ мекунад, ки ҳар гуна моҷароҷӯӣ, иқдоми ғайриқонунӣ ва таҳрикомез мунҷар ба аксуламали қотеъи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад шуд, ки авоқиби он мутаваҷҷеҳи нерӯҳои мутахосим, аз ҷумла Амрико хоҳад буд.