Апрел 29, 2020 11:00 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи миллии “Халиҷи Форс” - ёдовари ҳувияте ҳамеша мондагор

Халиҷи Форс қидмате ба андозаи таърихи сарзамини Эрон дорад. Номи форс бар ин паҳнаи дарёӣ таъкиде бар ҳувияти таърихи минтақа аст.

Сайид Аббоси Солеҳӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ дар паёме ба муносибати 10 урдибиҳишт (29 апрел) - рӯзи миллии Халиҷи Форс, ин рӯзи таърихиро фурсате барои гиромидошти ҳазорон сол фарҳанг, тамаддун ва ҳунари эрониён донист.

Эрониён пеш аз он ки дигар ақвом ба каронаҳои ин дарё ворид шаванд, ҳазораҳо пай дар пай сокини ин каронаҳо буда ва тамаддуни дерпоеро дар каронаҳои Халиҷи Форс пайрезӣ кардаанд, ки дигар ақвом ва милалро ба худ ҷазб кардааст.

Ба гувоҳи муаррихон, Халиҷи Форс хостгоҳи тамаддуни башарӣ аст. Маданияте, ки ҳамаи ҷаҳониён мадюни он ҳастанд. Ҳама гурӯҳҳои қавмӣ ва забонӣ дар ҷой - ҷойи Эрони исломӣ посдори ин мероси арзишманд буда ва номи Халиҷи Форс барои ҳар яки эрониён ёдовари шукӯҳ, бузургӣ ва таърихи заррини фарҳангу тамаддуни эронӣ дар ҷаҳон аст.

Муҳаммади Аҷам, нависанда ва пажӯҳишгари ҳавзаи Халиҷи Форс ва Ғарби Осиё ва аз бунёнгузорону фаъолони маркази мутолеоти Халиҷи Форс дар бораи аҳамияти минтақаи Халиҷи Форс ва таъсири ин оброҳ бар арсаҳои гуногун менависад: “Ҳассосияти Халиҷи Форс бо таваҷҷуҳ ба абъоди иқтисодӣ, сиёсӣ, тиҷорӣ ва иртиботӣ дар паҳнаи гетӣ бисёр ҳоизи аҳамият аст. Дар асноде, ки ба забони арабӣ вуҷуд дорад низ вожаи “Халиҷалфорсӣ” омада аст ва 11 санади муътабар дар Созмони Милал низ вуҷуд дорад, ки дар ин аснод номи Халиҷи Форс таъкид шудааст”.

Дабирхонаи Созмони Милали Муттаҳид низ дар баёнияҳое гуфтааст, ки бинобар аснод ва атласҳову нақшаҳои ҷуғрофиёӣ, ин минтақаи обӣ Халиҷи Форс номида мешавад. Аз ҷумлаи ин аснод баёнияе аст, ки дар августи 1984 ба сабт расид. Нақшаи ҷаҳон аз Анаксимандер (Аnaximander), ҷуғрофиядони юнонӣ, нақшаи ҷаҳони Ҳекатиус (hecataeus), аз саршиностарин ҷуғрофиядонони юнонӣ ва нақшаи ҷаҳони Батламиус (claudius ptolemy), мунаҷҷим ва ҷуғрофиядони машҳур, бахше аз ин асноди таърихӣ ҳастанд.

Халиҷи Форс дар айни ҳол ба хотири арзишҳои ҷуғрофиёӣ ва тамаддуниаш арсаи рақобат ва кашмакашҳои қудратҳои истеъморгар ва мутаҷовиз низ будааст. Аз ҷумлаи даврони ҳузури бегонагон дар Халиҷи Форс, султаи 150 солаи португалиҳо бар ин оброҳа ва тангаи Ҳурмуз аст, ки сиюми апрели 1621 мелодӣ поён ёфт.

Албукерке (Аlbuquerque), дарёнаварди машҳури португалӣ эътиқод дошт, ҳар кишваре бо дар ихтиёр гирифтани се нуқтаи Малага, Адан ва Ҳумуз метавонад бар тиҷорати дунё ҳукумат кунад. Ин тафаккур боис шуд то португалиҳо пас аз муддате ҷазоири Қишм, Ҳурмуз ва Гамбраун (Бандар Аббоси феълӣ)-ро ба чанг оваранд.

Номгузории рӯзе ба номи Рӯзи миллии Халиҷи Форс дар воқеъ бозхонии азамат ва асолати таърихи минтақа аст. Бавижа ин ки ин номгузорӣ мусодиф бо солрӯзи ихроҷи мутаҷовизони португалӣ аз Халиҷи Форс аст. Истеъморгарони британиёӣ низ дар мақтаъе аз таърихи Халиҷи Форс чашми тамаъ ба ин минтақа доштанд, аммо онҳо низ саранҷом маҷбур ба хуруҷ аз минтқа шуданд. Англисҳо чаҳор бор ба Бушеҳр ҳамла карданд ва ҳар бор уламо ҳукм ба дифоъ доданд ва сардороне чун Раисалии Дилворӣ, Аҳмадхони Тангистонӣ ҳамоса офариданд ва истеъмори пирро шикаст доданд. Таърихи минтақа нишон додааст, ки бегонагон ҳаргиз ҷое дар Халиҷи Форс барои султаҷӯӣ нахоҳанд дошт. Ин қоидаи таърихӣ имрӯз дар мавриди Амрико низ мисдоқ дорад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме бо таъкид бар ин ки нерӯи дарёии Амрико наметавонад роҳашро дар обҳои Эрон пайдо кунад, навишт: “Халиҷи Форс 2000 сол пеш аз он ки Иёлоти Муттаҳида ба вуҷуд биёяд, ба ҳамин ном будааст. Онон эҳтимолан исми Халиҷи Форсро намедонанд ва ё ин ки намедонанд 7 ҳазор мил дуртар аз хонаи худ, атрофи Эрон чӣ мекунанд”.

Кофӣ аст нигоҳе ба гузашта кард ва онгоҳ хоҳем дид Халиҷи Форс меросе арзишманд ва бархурдор аз ҳувияти равшани таърихӣ аст ва агар ҳазор бор номҳои дигаре бар он ниҳанд, Халиҷи Форс ҳамчунон ва то абад ҳамеша Форс аст.

матолиби муртабит: 

  1. Вазорати хориҷаи Эрон: халиҷи ҷануби Эрон танҳо як ном дорад ва он Халиҷи Форс аст

  2. Рӯзи шаҳодати Раисалӣ Дилворӣ - Рӯзи мубориза бо истеъмори Англия