Рӯҳонӣ: Коронавирус тамом нашуда, аммо шароити Эрон беҳтар шудааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i53707-Рӯҳонӣ_Коронавирус_тамом_нашуда_аммо_шароити_Эрон_беҳтар_шудааст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Даврони коронавирус тамом нашуда, аммо бо ин ҳол шароити Эрон беҳтар шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 16, 2020 18:11 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Коронавирус  тамом нашуда, аммо шароити  Эрон беҳтар шудааст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Даврони коронавирус тамом нашуда, аммо бо ин ҳол шароити Эрон беҳтар шудааст.

Ба гузориши радиои  тоҷикии  Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар ҷаласаи ситоди миллии муқобила бо коронавирус  ҳамчунин гуфт: Эрон аз шароити авҷи аслии коронавирус  убур карда ва агар авҷи  дигаре ҳам вуҷуд  дошта бошад, шароити кишвар бо рӯзҳои аввал бисёр мутафовит шудааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди  тасмимҳои ситоди миллии муқобила бо коронавирус  дар мавриди баргузории Рӯзи Қудс низ изҳор кард: Дар 218  шаҳристоне, ки дар манотиқи сафед (камхатар) қарор  доранд ва намози ҷумъа дар он хонда мешавад, метавон Рӯзи Қудсро ба шакли иҷтимоъ дар макони намози ҷумъа ва бо мурооти ҳамаи чорчубҳо ва протоколҳои беҳдоштӣ баргузор кард.

Рӯҳонӣ ҳамчунин аз баргузории Рӯзи Қудс дар Теҳрон ба шакли худравӣ хабар дод ва гуфт: Қарор аст дар Теҳрон маросими Рӯзи Қудс аз як мабдае то мақсади хоссе бо корвони худравӣ ва ба сурати намодин баргузор шавад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди баргузории намоз иди Фитр ҳам гуфт: Намози Иди фитри имсол дар масоҷиди саросари кишвар бо риояти усули беҳдоштӣ барпо мешавад.