Нашри Нолаҳои бод дар Теҳрон
(last modified Tue, 23 Jun 2020 13:29:31 GMT )
Июн 23, 2020 18:29 Asia/Dushanbe
  • Нашри  Нолаҳои бод  дар Теҳрон

Китоби "Нолаҳои бод" манзумаи ҷадиди шоири саршиноси Тоҷикистон Аъзам Хуҷаста, ки соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд нашр шуда буд, дар шаҳри Теҳрон ва дар интишороти "Гунҷишк" ба хати форсӣ аз чоп баромад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар тавсифи асари ҷадиди Аъзам Хуҷаста омадааст: "Ин достони салис ва нафис, аммо пурдард, ки бар вазн ва оҳанги маснавӣ навишта шудааст, ба таври мухтасар ҷараёни талхи муҳоҷирати мардум аз кӯҳистон ба даштро дар солҳои 50-уми асри 20 баён карда, ҳикоятгари дардҳо, шикастҳо ва захмҳост."

"Нолаҳое, ки аз қалби бодҳо меоянд, бодҳое, ки аз бағали дашт ва кӯҳҳо убур карда, саҳро ва дарё дидаанд ва дар манор ва кохҳо рақсидаанд ва...аз ҳасрат ва беадолатӣ ва фидокорӣ мегӯянд."

"Нолаҳои бод" достоне аст, ки аз саҳнаҳои кучиши мардуми кӯҳистон ба дашт, мушкили солҳои аввали ҳиҷрат ва рафъи он ба як гӯшаи ободи Тоҷикистон бадал шудани дашти дилварзин бо сад азобу ранҷ ва уқубат нақл мекунад.

Аз устод Аъзам Хуҷаста то кунун панҷ маҷмӯаи шеъре бо номҳои "Сояи равшан", "Чашмаи зулол", "Сапедаро салом", "Омад баҳор бе ту" ва истгоҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон ва Эрон мунташир шудааст.