Идомаи талошҳои зиддиэронии Помпео бо пайгирии тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон
Яке аз мафоди муҳимми тавофуқи ҳастаии БарҶом ва қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, лағви таҳрими таслиҳотии Эрон пас аз 5 сол аз замони иҷроӣ шудани ин тавофуқ аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин таҳрим дар октябри 2020 поён хоҳад гирифт, Амрико такопӯи худро барои ҷилавгири аз таҳаққуқи ин масъала дучандон кардааст.
Дар ин росто Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико, рӯзи сешанбе 23 июн муддаӣ шуд, ки бо инқизои таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Эрон дар моҳи октябр, ин кишвар иқдом ба харидории силоҳ аз Русия ва Чин карда, Аврупо ва Осиё дар чанги Эрон хоҳад буд. Помпео дар Твиттер навишт, агар таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Эрон дар октябр мунқазӣ шавад, ин кишвар қодир ба харидории ҷангандаҳое монанди “Су-30” аз Русия ва “Ҷ-10” аз Чин хоҳад буд. Бо ин ҳавопаймоҳои ба шиддат маргбор, Аврупо ва Осиё метавонад дар чанги Эрон бошад. Амрико ҳаргиз иҷоза намедиҳад ин иттифоқ биафтад.
Нуктаи муҳимми ин ки Помпео бо интишори тасвире дар “Твиттер”-и худ муддаӣ шуда, ки бурди ин ҳавопаймоҳо ба гунае аст, ки имкони дастрасии он ба бештари нуқоти Аврупо ва Осиёро хоҳад дод. Дар ҳоле, ки вай фарқи масъалаи бурди ниҳоии як ҳавопаймои ҷанганда бо шуои амалиёти онро мутаваҷҷеҳ нашуда ва тибқи сенарияи маддиназари Помпео ин ҳавопаймоҳо бояд ба маъмурияти бидуни бозгашт бираванд. Ҳар чанд ҳадаф аз интишори тасвири фавқ, омодасозии таблиғотӣ аз тариқи ташдиди эронҳаросӣ аз ҷониби Майк Помпео пеш аз ҷаласаи Шӯрои амният ба манзури баҳс дар бораи пешнависи қатъномаи пешниҳодии Амрико барои тамдиди таслиҳотии Эрон аст, вале ин ҳаракот аз ҷониби вазири умури хориҷаи Амрико беш аз андоза музҳик аст ва усулан иддаои ҳамлаи Эрон ба Аврупо бо истифода аз ҳавопаймоиҳои ҷанганда, он ҳам бо вуҷуди нерӯҳои ҳавоии НАТО, ки худи Амрико бахши бузурги он ҳатто дар Аврупоро ташкил медиҳад, тавҳин ба шуур ва тавоноиҳои худашон аст.
Ин масъалае аст, ки таваҷҷуҳи Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эронро низ ҷалб кардааст. Ба гуфтаи Зариф, Помпео он қадар аз гумроҳ кардани ҷаҳон ноумед шуда, ки иддао мекунад дар моҳи октябри пеши рӯ, Эрон ҳавопаймоҳои ҷанганда мехарад ва сипас онҳоро фаротар аз бурди яктарафаашон ба парвоз дармеоварад. Шояд ӯ битавонад ба мо бигӯяд, ки ин ҷангандаҳо чигуна ҳатто бо итмоми сӯхташон ба Эрон боз мегарданд!
Ба назар мерасад Вашингтон ба қадре дар заминаи эҳтимоли муваффақияти худ дар тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон дучор яъс шуда, ки ҷиҳати қонеъ кардани аъзои Шӯрои амният барои ҳамроҳӣ бо Амрико дар ин замина, ҳозир аст иддаоҳоеро матраҳ кунад, ки ҳар касе мутаваҷҷеҳи ботил будан ва тамасхуромез будани онҳо мешавад.
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор аст нахустин ҷаласаи ройзани барои баҳс дар бораи қатъномаи пешниҳодии Амрико ҷиҳати тамдиди таҳримҳои таслиҳоти алайҳи Эронро рӯзи чаҳоршанбе баргузор кунад. Амрико рӯзи душанбе иқдом ба тавзеъи ин пешнависи қатънома дар миёни 15 узви Шӯрои амният кардааст. Қатъномаи пешниҳодии Амрико хостори манъи фурӯш, арза ё интиқоли силоҳ ё ақломи муртабит аз сӯи Эрон аст. Ин қатънома ҳамчунин кишварҳоро аз фурӯш, арза, ё интиқоли силоҳ ё ақломи муртабит ба Эрон, магар дар сурати мувофиқати кумитае дар Шӯрои амният манъ мекунад. Чин ва Русия ба унвони ду узви доимии Шӯрои амният, ки аз ҳаққи вето бархурдоранд мухолифати худро бо тарҳи Амрико эълом кардаанд. Ба мӯҷиби қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки зайли тавофуқи ҳастаии БарҶом бо иҷмоъи аъзои шӯро ба тасвиб расид, Ҷумҳурии Исломии Эрон муҷоз хоҳад буд аз 18 октябри 2020 нисбат ба харид ва фурӯши таслиҳоти мутаораф иқдом кунад.
Амрико бо иддаои ин ки ҳанӯз тибқи қатъномаи 2231 ба унвони яке аз аъзои мушорикаткунанда дар БарҶом аст, таҳдид карда дар сурате, ки дар тамдиди таҳримҳои таслиҳоти алайҳи Эрон муваффақ нашавад аз "механизми моша" барои бозгардондани ҳамаи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид истифода хоҳад кард. Бо ин ҳол аъзои гурӯҳи 4+1 иддаои Вашингтон дар бораи инки ҳанӯз яке аз аъзои БарҶом аст, рад кардаанд. Ба гуфтаи Жоу Ли Ҷиён, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин, Амрико аз тавофуқи БарҶом хориҷ шуда ва ҳеҷ ҳаққе барои дархост аз Шӯрои амният ҷиҳати бозгардондани таҳримҳо надорад.