Зариф: Гузинаҳои Эрон дар баробари тамдиди таҳримҳои таслиҳотӣ қотеъ хоҳад буд
Вазири умури хориҷаи Эрон дар нишасти онлайни Шурои амният таъкид кард: Дар сурате, ки хилофи тавофуқи ҳастаӣ таҳримҳои таслиҳотии Эрон идома ёбад вокуниши Эрон қотеъ хоҳад буд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар нишасти онлайни Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид барои баррасии гузориши давраии дабири кулли ин созмон дар бораи иҷрои "қатъномаи 2231" марбут ба тавофуқи ҳастаии Эрон, гуфт: Чорчуби замонии рафъи маҳдудиятҳои таслиҳотие, ки дар қатъномаи 2231 пешбинӣ шуда, бахши ҷудоинопазир аз тафоҳуми сахт ба даст омадааст, ки тарафҳои БАРҶОМ-ро қодир сохт то дар ниҳоят дар бораи бастаи куллии БАРҶОМ ва қатъномаи 2231 тавофуқ кунанд.
Зариф афзуд: Ҳатто як ҷаласаи Шурои амният барои накӯҳиши давлати Амрико ё ҳаддиақал барои баррасии поймолсозиҳои пайиҳами он ташкил нашудааст дар иваз бархе аз аъзои аврупоии шуро дар фикри вайрон кардани бештари қатънома ва шуро ҳастанд дар ҳоле, ки ба тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ пойбанд нестанд.
Вай таъкид кард: Иёлоти Муттаҳида бо бархе корҳои худ ба дабирхона фишор овард то хониши гумроҳкунанда аз қатъномаи 2231-ро дар пеш гирад ва дабирхонаро ба сохтани санад ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои таҳияи гузориши комилан ғайриҳирфаӣ водор кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Чунончи бори дигар Шурои амният сустӣ варзад, ба маънои як насл ақибгард дар чандҷонибагароӣ ва ҳокимияти қонун хоҳад буд.
Амрико бо вуҷуди он ки ду сол пеш расман ва бидуни таваҷҷуҳ ба қатъномаи 2231-и Шурои амният аз БАРҶОМ хориҷ шуда, муддаӣ аст, ки бар асоси мафоди ин қатънома ҳамчунон яке аз мушорикаткунандагон дар БАРҶОМ аст.
Мамнуиятҳои марбут ба фуруши таслиҳот ба Эрон ба муҷиби мафоди қатъномаи 2231-и Шурои амният рӯзи 18 октябри 2020 бардошта хоҳад шуд, аммо Амрико ва се кишвари аврупоии ҳозир дар БАРҶОМ қасд доранд ин таҳримҳоро идома диҳанд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба бадъаҳдиҳои Амрико ва муттаҳидони аврупоии Кохи Сафед бар асоси мафоди БАРҶОМ тааҳҳудоти худро коҳиш додааст.