Паёми таслияти Раҳбари муаззами Инқилоб дар паи ҷонбохтани теъдоде аз мардуми Эрон дар ҳодисаи оташсузӣ
(last modified 2020-07-02T04:47:27+00:00 )
Июл 02, 2020 09:47 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари муаззами Инқилоб дар паи ҷонбохтани теъдоде аз мардуми Эрон дар ҳодисаи оташсузӣ

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар паёме ҷонбохтани ҷамъе аз шаҳрвандони эронӣ дар паи ҳодисаи оташсузӣ дар яке аз марказҳои дармонии Теҳронро таслият гуфтанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , шомгоҳи сешанбе бар асари оташсузӣ ва таркиши капсули оксиген дар як клиники дармонӣ дар шимоли Теҳрон, бахше аз ин сохтмон вайрон шуд ; дар паи ин ҳодиса , 19 нафар ҷон бохтанд ва 14 нафар низ масдум шуданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ рӯзи чоршанбе дар паёме дастгоҳҳои масулро мувазаф карданд , зимни баррасии мавзуъ, тадбирҳои лозимро барои костан аз осебҳо ва хасоратҳо ба кор бигиранд ва монеи чунин зойиоти беҷуброне шаванд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин дар ин паём таъкид карданд ; баррасии дурусти ин ҳодиса низ бояд ба василаи дастгоҳҳои масул сариан анҷом шавад.