Август 03, 2020 13:53 Asia/Dushanbe
  • Зарурати омодасозии тарҳи робитаҳои роҳбурдии Эрон ва Русия

Леонид Слутский-раиси кумитаи робитаҳои хориҷии Думаи Русия, ки ба Теҳрон сафар кардааст, дар дидор бо Муҳаммадҷавод Зариф- вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи масъалаҳои дуҷониба ва мавриди алоқа машварат кард.

Дар ин дидор, ки субҳи якшанбе анҷом шуд, илова бар мавзӯъоти дуҷониба масъалаҳои марбут ба тавофуқи ҳастаӣ, таҳаввулоти Сурия, Ироқ, Яман ва Либия ва ҳамчунин ҳамкориҳои Теҳрон ва Москва дар созукорҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ мавриди табодули назар қарор гирифт. Яке аз мавзӯъоте, ки дар дидорҳои раиси кумитаи равобити хориҷии Думаи Русия дар Теҳрон бар он таъкид шуд, зарурати ҳамкории маҷлисҳои Эрон ва Русия дар тадвин(омодасози)и тарҳи ҳамкориҳои роҳбурди(стратеги)и ду кишвар аст.

 Тақвияти ҳамкориҳои роҳбурдии Эрон ва Русия бо таваҷҷуҳ ба манофеъи ҷамъӣ ва таҳдидҳои муштарак, дар шароите, ки Амрико саъй дорад монеъ аз ҳамгароӣ ва густариши муносиботи байни Эрон ва кишварҳои минтақа шавад, аз аҳамияти стратегӣ бархурдор аст. Муҳаммадҷавод Зариф-вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин хусус бар афзоиши ҷойгоҳи санади ҳамкориҳои дарозмуддати Эрон ва Русия ба сатҳи равобити роҳбурдӣ таъкид кард.

 Козими Ҷалолӣ-сафири Эрон дар Русия дар бораи аҳамияти барномаи ҷомеъи ҳамкории ду кишвар мегӯяд: Сатҳи муносибот ва ҳавзаи ҳамкориҳои феълии Эрон ва Русия бисёр фаротар аз даҳаҳои гузашта аст; зимни ин ки ҳамкориҳои тарафҳо амиқтар ва маънодортар шуда ва зарфиятҳои зиёде дар равобити ду кишвар вуҷуд дорад, ки бояд дар қолаби барномаи ҷомеъи ҳамкориҳо ба онҳо пардохта шавад.

 Аз имзои "Муъоҳидаи асоси равобити мутақобил ва усули ҳамкории байни ду кишвар" дар марти 2001 наздик ба ду даҳа мегузарад. Бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулот ва тағйироте, ки дар арсаи равобити байналмиллалӣ ва равобити минтақаӣ рух додааст, интизорот аз сатҳи муносибот ва ҳавзаи ҳамкориҳои Эрон ва Русия низ афзоиш ёфтааст. Шароити кунунии минтақа низ тақозо мекунад, ки аз зарфиятҳои гуногун дар равобити ду кишвар дар қолаби барномаи ҷомеъи ҳамкориҳо истифодаи роҳбурдӣ шавад. Баҳси эҷоди равобити роҳбурдӣ байни Эрон бо кишварҳои бузурги осиёӣ ба вежа Русия ва Чин аз ҳудуди як даҳа қабл ва дар пайи таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ, дар чорчуби равобити ҷомеъ бо кишварҳои мустақил ва таъсиргузор дар таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар афзалият қарор гирифтааст.

 Нашрияи «Дипломат» дар нигоҳ ба ин мавзӯъ бо ишора ба ҳамкориҳои сеҷонибаи Теҳрон, Маскав ва Пекин дар таҳлиле навишт: Дар ҳоле, ки бештарин тамаркуз дар Осиё бар таҳаввулоти миёни Амрико ва муттаҳидонаш сурат мегирад, аммо раванди дигаре дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки дар он Русия ва Чин бо Эрон равобити муҳим ва таъсиргузорро бунёдгузорӣ мекунанд.

 Аҳамияти ин мавзӯъ дар рӯйкардҳои муштараки Эрон ва Русия ба хубӣ мушаххас аст. Дар ин замина метавон ба баёнияе ишора кард,ке чанде қабл ва дар пайи гуфтугӯҳои Муҳаммадҷавод Зариф ва Сергей Лавров- вазирони умури хориҷаи Эрон ва Русия дар Маскав мунташир шуд. Дар баёнияи мазкур таъкид шудааст: Теҳрон ва Москва тасмими қатъӣ доранд, фаъолона рӯйкардҳои ҷамъӣ ва чандҷонибаи одилонаи устувор бар усул ва қоъидаҳои куллии шинохташудаи ҳуқуқи байналмиллалиро барои ҳалли масоили фаврӣ ва зарурии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ афзоиш диҳанд.

Аз ин дидгоҳ, аҳамияти равобити роҳбурдии Эрон ва Русияро метавон илова бар таъсиргузор будани он бар тақвияти муносиботи дуҷониба, дар муқобила бо таҳдидҳои муштарак дар минтақа ба вежа якҷонибагароии Амрико таъсиргузор донист; ба вежа онки Эрон ва Русия нишон додаанд аз ибтикори амал ва таомули қавӣ дар вокуниш ба масоили минтақа бархурдоранд.

 

Барчасп