Охирин омори мубталоён ба корона; Беҳбудии беш аз 270 ҳазор нафар
(last modified Mon, 03 Aug 2020 10:50:16 GMT )
Август 03, 2020 15:50 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори мубталоён ба корона; Беҳбудии беш аз 270 ҳазор нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон аз шиносоии ҳудуди ду ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 ва беҳбудии беш аз 270 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, Симо Содот Лорӣ рӯзи душанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар эълом кард: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 598 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 304 нафар  бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд. Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 312 ҳазору 35 нафар расидааст, афзуд: дар 24 соати гузашта, 215 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 17 ҳазору 405 нафар расидааст. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, токунун 270 ҳазору 228 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.