Корона дар Эрон; беҳбудии беш аз 282 ҳазор нафар
(last modified Sat, 08 Aug 2020 10:50:04 GMT )
Август 08, 2020 15:50 Asia/Dushanbe
  • Корона дар Эрон; беҳбудии беш аз 282 ҳазор нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди 2 ҳазор бемори нави мубтало ба КОВИД-19 ва беҳбудии 282 ҳазор нафар дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ- сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон эълом кард: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 ҳазору 125 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки  маҷмуи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 324 ҳазору 692 нафар расидааст афзуд: Дар 24 соати гузашта 132 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 18 ҳазору 264 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 282 ҳазору 122 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 20 миллион  нафар расидааст.

 

Барчасп