Шумораи беморони Ковид-19 дар Эрон аз 330 ҳазор нафар гузашт
(last modified Tue, 11 Aug 2020 13:01:23 GMT )
Август 11, 2020 18:01 Asia/Dushanbe
  • Шумораи беморони Ковид-19 дар Эрон аз 330 ҳазор нафар гузашт

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт теъдоди беморони Ковид-19 дар Эрон ба 331 ҳазору 189 нафар расид.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садоии Хуросон «Симо Содоти Лорӣ » имрӯз  сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълом кард : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта , ду ҳазору 345 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд ки ба ин тартиб маҷмӯи беморон дар Эрон ба 331 ҳазору 189 нафар расид.

Вай афзуд: як ҳазору 269 нафар аз беморони шиносоӣ шуда дар 24 соати ахир бистарӣ шуданд ва ҳазору 76 бемор низ пас аз муоина ва дарёфти дору, давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд. 

 Лорӣ ҳамчунинг гуфт дар 24 соати гузашта 184 нафар аз беморони Ковид- 19 низ ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 18 ҳазору 800 нафар расидааст  Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати Беҳдошти Эрон , токунун 288 ҳазору  620 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 20 миллиону 280 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 740 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва дасти кам 13 миллиону 200 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.