Беҳбудии ҳудуди 315 ҳазор бемори коронаӣ дар Эрон
(last modified Wed, 26 Aug 2020 11:59:45 GMT )
Август 26, 2020 16:59 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 315 ҳазор бемори коронаӣ дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар кишварро ҳудуди 315 ҳазор нафар эълом кард.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 243 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 365 ҳазору 606 нафар расидааст, афзуд, дар 24 соати гузашта 119 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 21 ҳазору 20 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 314 ҳазору 870 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.