Беҳбудии ҳудуди 318 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон
(last modified Fri, 28 Aug 2020 12:23:22 GMT )
Август 28, 2020 17:23 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 318 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрони теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар ин кишварро ҳудуди 318 ҳазор нафар эълом кард.

Симои Содот Лорӣ рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори беморони Ковид – 19 ба хабарнигорон гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта ду ҳазору 115 бемори ҷадиди Ковид – 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 941 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд.

Лорӣ гуфт, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 369 ҳазору 911 нафар расидааст, ки то кунун 318 ҳазору 270 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Вай афзуд, муттаассифона дар 24 соати гузашта 112  нафар аз беморони Ковид 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 21 ҳазору 249 нафар расидааст.

Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 24 миллиону 655 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти‌кам 836 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 17 миллион нафар низ беҳбуд ёфтаанд.