Беҳбудии беш аз 330 ҳазор бемори корона дар Эрон 
(last modified Fri, 04 Sep 2020 13:24:41 GMT )
Сентябр 04, 2020 18:24 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 330 ҳазор бемори корона дар Эрон 

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар ин кишварро беш аз 330 ҳазор нафар эълом кард. 

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар гуфт, ду ҳазору 26 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон шиносоӣ шуд. 
 
Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 382 ҳазору 772 нафар расидааст, афзуд: Дар 24 соати гузашта 118 нафар аз беморони Ковид-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 22 ҳазору 44 нафар расидааст. 
 
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 330 ҳазору 308 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.