Сентябр 05, 2020 14:07 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии ду фаъоли расонаии тоҷикистонӣ аз хадамоти Ҷумҳурии Исломии Эрон

Ду бонуи тоҷикистонӣ, ки солҳои зиёде аз умри худро дар роҳи равшангарии афкори умумӣ ва тавсеаи хатт ва фарҳанги муштараки Эрон ва Тоҷикистон дар радио тоҷикии Садои Хуросон сипарӣ карда буданд, дар маросиме аз хадамоти Ҷумҳурии Исломии Эрон қадрдонӣ карданд.

Маросими Худо ҳофизии ду ҳамкори радиои тоҷикии Садои Хуросон, хонумҳо Тозагул Қурбонова ва Рухшона Зуҳурова бо ҳузури ҳамкорони ин радио дар Машҳад баргузор шуд.

Дар ин маросим ҳар як аз ҳамкорон, хотироти худро аз даврони кор дар ин радио баён карданд.

Фарзодӣ, мудири радио гуфт: “яке аз дастовардҳои низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон фароҳам кардани фазои муносиб барои иштиғоли тоҷикистониҳо дар радиои мутааллиқ ба мардуми Тоҷикистон буда ва беш аз се даҳа барои иттилорасонӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон талош кардааст.

Image Caption

Фарзодӣ афзуд, яке аз хадамоти коркунони радио дар канори мардуми Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ниёзҳои мухотабон дар ин кишвар буда ва дар канори он хадамоти давлати Тоҷикистонро ҳам дар ду сайти форсӣ ва тоҷикӣ(сирилӣ) ва радио тоҷикӣ мунташир кардааст.

Дар идома хонумҳо Тозагул Қурбонова ва Рухшона Зуҳурова дар суханоне аз Эрони исломӣ ба унвони кишвари дӯст ва бародар ёд карданд ва гузарондани даврони хидмат дар радиои тоҷикиро фурсате муғтанам барои фарогирии равишҳои навини иттилорасонӣ дар расонаи фарогири радио тоҷикӣ баён карданд ва ҳадаф аз кор дар радиои тоҷикиро тақвияти равобити ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон донистанд.

Дар поён ба поси хадамоти содиқонаи онон дар радио тоҷикӣ ба ҳар як аз онон лавҳи сипос ва ҷавоизе эҳдо шуд.

Image Caption
Image Caption

Таваҷҷуҳ ба ниёзҳои мухотабони тоҷикистонӣ дар ҳавзаҳои занон, кӯдакон, бузургсолон, навҷавонон ва ҷавонон, фаъолони сиёсӣ ва мазҳабӣ аз унвонҳои барномаҳои радиои тоҷикии Садои Хуросон аст, ки ҳар рӯз дар ду бахши субҳгоҳӣ ва шабонгоҳӣ бар рӯи мавҷи миёнаи радифи 720 килоҳертз ва низ мавҷи кӯтоҳ радифи 49 метр баробар бо 6000 ҳазор килоҳертз (субҳгоҳӣ) тавлид ва пахш мешавад.

 

Барчасп