Сентябр 10, 2020 14:50 Asia/Dushanbe

Марҳилаи аслии размоиши муштараки Зулфиқор 99-и артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон» бо шиори «амнияти пойдор дар сояи қудрати дифоъӣ» дар ҷануби кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, марҳилаи аслии размоиши муштараки «Зулфиқор 99» бо ҳузури қисмҳое аз неруи дарёӣ, ҳавоӣ, дифоӣ ва неруи заминии артиши Эрон дар минтақае ба вусъати ду миллион километр мураббаъ дар маҳдудаи обҳои шарқи гулӯгоҳи Ҳурмуз, савоҳили Макрон, дарёи Уммон ва шимоли уқёнуси Ҳинд то мадори 10 дараҷаи шимолӣ аз имрӯз панҷшанбе оғоз шуд ва ба муддати се рӯз идома дорад. 

Амир дарёдор Шаҳроми Эронӣ- сухангӯи  размоиши Зулфиқор 99 гуфт: Дар ин размоиш, таҳаррукоти неруҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ комилан расад ва парвозҳои таҳоҷуми , таъйини масирҳо ва мавқеиятҳои аҳдоф дар мавқеъҳои зарурӣ ва изтирорӣ тамрин мешавад. 

Сухангӯи размоиши Зулфиқор 99-и артиши Эрон бо ишора ба тавонмандиҳои бумӣ дар муқобила бо резпарандаҳо, гуфт: Ҷилавгирӣ аз вуруди ҳаргуна резпаранда ба минтақаи васеъи размоиш ва ҳидояти онҳо ба муҳитҳои дилхоҳ аз ҷумла мавориде буд, ки дар размоиши Зулфиқор 99 тамрин шуд.