Беҳбуд ёфтани 345 ҳазор нафар беморони короноӣ дар Эрон
(last modified Sat, 12 Sep 2020 11:15:04 GMT )
Сентябр 12, 2020 16:15 Asia/Dushanbe
  • Беҳбуд ёфтани 345 ҳазор нафар беморони короноӣ дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди беҳбудёфтагони бемории Ковид -19 дар ин кишварро ҳудуди 345 ҳазор нафар эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Симо  Содоти Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид -19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта  ду ҳазору 139 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки ҳазору 138 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзшон ироа шуд .
Лорӣ гуфт : маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 399 ҳазору 940 нафар расидааст, ки токунун 344 ҳазору 516 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Вай афзуд : муттаассифона дар 24 соати гузашта  116 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданду маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 23 ҳазору 29 нафар расидааст .
Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 28 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти ‌кам 920 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 21 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд .