Беҳбудии беш аз 352 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон
(last modified Wed, 16 Sep 2020 11:28:05 GMT )
Сентябр 16, 2020 16:28 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 352 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон

Теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар Эрон ба беш аз 352 ҳазор нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон эълом кард : дар 24 соати гузашта , ду ҳазору 981 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар ин кишвар шиносоӣ шуд ва маҷмӯи беморони  Ковид - 19 дар Эрон ба 410 ҳазору 334 нафар  расид .
Дар шабонарӯзи гузашта , 179 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва  маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 23 ҳазору 632 нафар расидааст .
Ҳамчунин токунун 352 ҳазору 19 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .

Барчасп